Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар рўз бегоҳӣ Сорбони Ҳомид ба ошёнаи дуюм баромада тирезаи болои дари ошхонаи гурўҳро ранг мекард. Эҳтимол ҳамин як тирезаро на камтар аз бист маротиба ранг кард ва боре духтарчаи пахмоқмўе ўро машғули кор дида давида ба назди мураббия рафта гуфт:
– Валентина Михайловна опять это дядя пришел.
– Какой дядя?
– Да, это ваш любовник.
Баъди ин бо хоҳиши Валя онҳо вақт ва ҷойи вохўриро тағйир доданд. Валя гуфт, ки аз беэҳтиётӣ кўдакон ҳам аз муносибати онҳо хабардор шуданд. Чӣ ҷойи тааҷҷуб муҳаббат дар хуни ҳар як фард аз рўзи таваллудаш ҳаст ва баробари шинохтани хеш бо мурури замон ба андозаи синну сол кўдак ҳам онро эҳсос мекунад. Ҳақ ба ҷониби ҳамон духтарчаи шашсола буд. Баъзан кўдак муҳаббатро эҳсос мекунанд, вале калонсолон онро воситаи дилхушии яклаҳзаина дониста пеши по мезананд. Саргузашти имрўзаи Шарифаро шунида, ў ба хулосае омад, ки шавҳари Шарифа ўро барои ночиз коре бо як кўдак аз хона пеш кардааст. Ба қавли Дейл Корнегӣ: «Бисёр вақт мо аз майда–чўйдаҳое, ки бояд онҳоро набинем, ё фаромўш кунем, худро бой медиҳем»…

… 36 …

Сергей Павлович Архангелский аз майдони марказӣ баъди гуфтушунид бо Кабиров ба хона омад. Елена Александровна шавҳарро дар остона дида, ҳуш аз сараш парид. Ниҳоят ў худро ба даст гирифта гуфт:
– Ба ту чӣ шуд, мардак?
– Ҳеҷ чиз, ҳама корҳо нағз,– худро ба даст гирифта гуфт шавҳар.
– Вале дар асл ин хел нест,– эътироз кард зан.
– Чӣ хел?
– Як бор дар оина ба худат нигар, мегўйи аз ид не, балки аз ҷаноза омада бошӣ…
Ў дигар чизе нагуфта, ба хонаи хоб даромад ва ҷисми лакоту хастаи хешро болои кат партофта, тақдири минбаъдаи хешро интизор шуд.

пешина
аз 416
навбатӣ