Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гумон дошт, ки худи ҳозир, ё лаҳзае пас дар асоси аризаи Кабиров ўро ба ҳабсхона мебаранд ва пурсупос сар мешавад, вале ин тавр нашуд, на он рўз ва на рўзи дигараш касе ҳам ба суроғаш наомад.
Дар танҳоӣ чӣ фикру хаёлҳое ба сари одамизод меояд ва Сергей Павлович ҳам боз дар байни андешаҳои хеш ғутта зад…
– Ғам ҳам махўр, беғам ҳам набош.
– Ҳеҷ туро фаҳмида намешавад.
– Аз он ки Кабиров имрўз он расмро гирифта ба идораҳои дахлдор нарафт, ин анҷоми кор нест. Ҳоло вазъи ў ҳам аз вазъи худат хубтар нест. Дирўз дар завод Бозор Ғафурович чӣ гуфт?
– Дар ёдам нест.
– Гуфт, ки агар одам дар як палаи пастӣ афтад, дўстони наздик ҳам аз ў рўй мегардонанд. Гирем ҳамон Дон Жуане, ки ту барояш мемурдӣ аз Қамар Абдулғаниевич канорҷўӣ мекунад, чаро?
– Аз куҷо донам, охир Бозор Ғафуров сабаби ин канорҷўиҳои Ғиёсро нагуфт –ку.
– Чунки ў ба сардораш хиёнат кардааст.
– Охир, котиба озод буд ва бо касе, ки дилаш хост ишқварзӣ кард, чӣ ҷойи хафа шудан.
– Ин ақидаи шумо ғарбиён аст, вале дар шарқ ин гуноҳест нобахшиданӣ.
– Дар шарқ, дар шарқ гуфта мешинӣ, охир ту то ба кай сиёҳро сафед мегўйӣ? Кабиров зан дорад, чӣ ҳуқуқ дорад, ки шаъни ҳамсари хешро поймол кунад.
– Охир, Назаров ҳам оиладор аст, ба гумонам худат ўро хонадор кардӣ, наход ба духтари дўстат дилат насўзад.
– Ҳаромзода бувад фарзанди эшон гуфтани мардум бе асос набудааст. Худораҳматии Намоз Комилович аз куҷо медонист, ки фарзандаш чунин нобакор аст, мардак байни ёру дўстон шарманда шуд, охир наход обурўйи падарро боре фикр накард.
То ҷойе, ки ман медонам ҳамсари Кабиров зани покдоман аст ва набояд чунин занҳоро бо Сабринисо, номаш дар гўр равад, муқоиса кунем…
– Албатта, Сабринисоро дар байни занҳо ва худатро дар байни мардҳо муқоиса кардан нашояд.
– Ҳеҷ аз неш заданат намондӣ!

пешина
аз 416
навбатӣ