АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– О мўйсафеди беимоне, – зери лаб ғурунгид ў, – хонаҳоят саратро хўранд, нашуд, ки нашуд. Бе хонаҳои ту ҳам ягон илоҷ мекунем…
– Рафта он расмро ба идораҳои дахлдор супор.
– Пояш ба лаби гўр расидааст, Худо ҷазояшро диҳад.
– Агар касе туро нашиносад гумон мекунад, ки аз сидқи дил сухан мекунӣ.
– Чаро аз сидқи дил набудааст?
– Охир агар расмро барӣ чӣ хел ба сари мансаб омаданат ошкор мешавад. Гумон дорӣ, ки Сергей Павлович хомўш меистад, ҳаргиз не, вай туро ҳам ба гирдоб мекашад. Аз гирдоб бошад касе то кунун раҳоӣ наёфтааст, ҳатто шиноварҳои беҳтарин ҳам.
– Агар чунин аст, пас чаро маро ба супурдани он расми зормонда ҳидоят кардӣ?
– Туро санҷидам.
– Аз кай боз ревизор шудӣ?
– Чандин бор гуфтам, ки вазифаи ман назорат аст, ман ҳамаро чун бухгалтерҳо ба ҳисоб мегирам, вале мисли қисме аз онҳо бевиҷдон нестам. Ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед гуфта наметаовнам, чунки аз Оллоҳтаоло метарсам. Боре маро милиса гуфта будӣ, вале ман агар милиса ҳам бошам, милисаи бавиҷдонам, чунки «Виҷдон ин қонуни қонунҳост».
– Шуд, фаҳмидам…
… 38 …
Субҳи рўзи чоршанбе 10 май Сорбони Ҳомид ба кор омада Рухсора Давидоваро дар назди идора дид.
– Ман ба назди Шумо.
– Ман шуморо – ку пурсида будам, ё мехоҳед нишондодатонро дигар намоед.
– Дигар– ку не, вале иловае дорам.
– Бисёр хуб, лозим меояд, ки шумо андак сабр кунед, чунки дар милиса ҳам чун ҳамаи корхонаҳои дигар кор аз маҷлиси панҷдақиқагӣ сар мешавад.
– Ман бошам гумон кардам, ки…
– Гумон доштед, ки дар милиса чунин маҷлисҳо нест…
– Вы ясновидуший.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё