АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Охир, дарду аламамро ман ба кӣ гўям, медонӣ:
ҷароҳатҳои виҷдон ҳаргиз пурра шифо нахоҳанд ёфт…
… 37 …
«То омадани табар кунда меосояд» – гуфтагӣ барин тайи чанд рўзи охир Кабиров ҳам хело ором шуд. Ў рўзи якшанбе ҳамроҳи ҳамсараш ба таксие нишаста, то хонаи хушдоманаш рафт. Ҳарчанд боду ҳавои Регар барояш ғуборолуд менамуд, шабро он ҷо гузаронид. Хешу таборонашро модари Оиша даъват карда зиёфат дод. Субҳи рўзи душанбе яке аз хешовандонаш он нафаре, ки Оишаро барояш фотеҳа карда буд, дар автомашинаи шахсиаш онҳоро ҳамроҳи Мадинаю Мухтор ба Душанбе овард. Оиша ҳайрон буд, ки чаро шавҳар автомашинаи хизматиашро ҷеғ назад. Агар худи Бозор Ғафурович, ки ҳоло иҷрокунандаи вазифааш буд мефаҳмид аз ду сар автомашинаро мефиристод. Аз ҳама беш Оишаро он чиз азоб медод, ки шавҳар тайи ин чанд рўз боре ҳам ронандаашро ба ёд наовард. Наход аз муносибати мо хабардор бошад меандешид ў худ ба худ. Худоё нигоҳдор бош, охир як сол боз байни мо муносибате нест, наход ҳамин тавба набошад, худоё…
Ин субҳ ҳарчанд ў ҳамсарашро ба тамошои идона таклиф кард, вале Оиша саломатиашро баҳона карда ба кўча набаромад. Ў аслан ҳамин қафаси бетониро акнун аз тамошои шаҳр беҳтар медонист. Рўзҳои охир агар гапзании ду зани ҳамсояро бинад гумон мекард, ки дар бораи ў гап зада истодаанд. Кабиров ҳеҷ гумон надошт, ки ҳамсараш сухани ўро мешиканад, вале чизе гуфта натавонист. Ў низ фикр мекард, ки Оиша аз муносибати уву Сабринисо огоҳ шудааст.
Маҳз бо ҳамин фикру хаёл директор ба митинг рафт ва дар рў ба рўяш Архангелскийро дид.
Ў ки дар як гўшаи дилаш шуълае барои гирифтани хонаҳои дакаданги Архагескийро нигоҳ медошт, акнун тарбуз аз бағалаш афтид. Ба назараш чунин намуд, ки он шуъла ба об зад ва яку якбора бедуд хомўш шуд. Ҳарчанд ў аз қафои «сайдаш» нигарист, вале Сергей Павлович ба қафояш нигоҳ накард. Ин дуюмин зарба буд, ки дар як лаҳза ба дўш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё