Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ фикри зану фарзандатро намекунӣ?
– Ман корро барои он бас кардам, ки ақалан соле дар сояи давлати туву хешовандонат чорта дами беғам занам. Охир, наход як сол ту маро хўрондаю пўшонида натавонӣ. Пас ин ҳама шукргузории ман, ки ҳамсарам ашрофзода аст беҳуда будааст…
– Зиндагонӣ дар миёни мардуми расво ғалат,– гуфт зан ва мунтазири суханони сермурчу қаламфури шавҳар нашуда аз хона бадар рафт.
– Ў лаънатие ҳеҷ аз нешзанияш намонд, каждуми таги бурё. Лаънати Худо ба он рўзе, ки ман бо ин каждум рў ба рў шудам.
– Агар худатро ҳамон шабурўзӣ аввали шиносоиатон ба даст мегирифтӣ, ба чунин рўзҳо намерасидӣ.
– Магар аз чунин занҳо худро ба даст гирифта мешавад?
– Хуш, ба инаш ман розӣ чунки ҳамон шабу рўз ҷавони чор кас мешинохтагӣ будӣ, вале бо Оиша чӣ кардӣ?
– Охир, Оиша пеш аз ин буд–ку?
– Не, ман муносибати ду соли охиратонро дар назар дорам.
– Бар гузашта салавот наход аз пайи ҳаминаш ҳам гардӣ.
– Охир, аз бими ҳамин ту аз кор рафтании ку.
– Не, ман барои Сабринисо шуда аз кор меравам аз муносибати ману Оиша бошад ба ҷуз Сабринисо касе хабар надошт.
– Ҳаргиз ин хел нест. Азбаски Сабринисо мурғи озод буд, касе барои ў туро гунаҳкор намекунад, ҳарчанд ин кирдорат ҳам мувофиқи қонуни шариат гуноҳест нобахшиданӣ ва агар дар давлатҳои мусулмонӣ, ки Қуръони маҷид ягона қонуни давлатдории онҳост мешудӣ туву шефатро чӣ буд, номаш?
– Қамар Абдулғаниевич.
– Ҳа, номаш дар гўр равад, ана туву Қамар Абдулғаниевичро сангсор мекарданд.
– Ҳоло чӣ?
– Ту аз он бим дорӣ, ки бо ҳамсари шефат муносибат доштаӣ ва ин чизест нобахшиданӣ. Он чӣ ки миёни туву Сабринисо буд, шефат ҳам мисли худат гунаҳкор аст ва ман, аллакай, оқибаташро гуфта додам.

пешина
аз 416
навбатӣ