Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мебинам, ки дар насиҳат устухон надорӣ, пас бигў, ки ман чӣ кор кунам?
– Чунон кун зиндагонӣ дар замона, Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона,
– гуфтааст Ҳасани Деҳлавӣ.
Тайи ин се рўзи охир Малсагова ва Аршиева хатареро ҳис накарда бошанд ҳам, вале як гўшаи дилашонро гургон тала мекард.
Ҳарчанд онҳо мактаби ҳуқуқиеро тамом накарда буданд, вале медонистанд, ки баъди се шабонарўз агар гуноҳи Сабуров ва Зубайдовро собит накунанд, ба ҷуз онҳоро ҷавоб додан милиса чорае надорад ва чун нимаи дуюми рўзи чоршанбе фаро расиду дилдодагонашон ба дари хонаи онҳо ангушт назаданд, ба хулосае омаданд, ки ҳама корҳо дулоб шудааст.
Дар муҳокимаи ҳамин масъала буданд, ки занги дар садо дод ва соҳибхона рафта дарро кушоду дар ҷояш шах шуд. Дар остона милисионере меистод.
– Соҳибхона – шумо, – пурсид милисионер.
– Ҳа, ман.
– Аршиева куҷост?
– Он кас ҳам ҳамин ҷо, чӣ буд?
– Ба шумо даъватнома, – гўён ў дар гўшаи рости даъватнома имзои ҳар дуро гирифта бадар рафт.
Соате пас ҳарду аз хона берун шуданд. Нафаре аз милисионерони ғайринизомипўш, ки назорати хонаро ба дўш гирифта буданд, ҳардуи онҳоро ба зери васигии худ гирифта, дар масофаи аз онҳо дуртар ба роҳ баромад. Боварӣ доштанд, ки дилдодагонашон сирри онҳоро намекушоянд, рост ба милиса омаданд. Васӣ аз дур бо ишорае онҳоро ба ёрдамчии навбатдор супорида, ба ҷойи хизмати аслиаш баргашт...

… 40 …

Тайи ду рўз чун касе ба суроғаи собиқ директор наомад Сергей Павлович ба хулосае омад, ки беҳуда умри хешро дар ин чанд соли охир зоеъи тарсу ҳарос намуд.
– Агар он лаънатиро ҳамин хел дар ҷояш мешинондам, шояд ҳоҷати аз вазифа рафтан ҳам набуд?

пешина
аз 416
навбатӣ