Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Меҳмони оншабаи бўстонсарои Кабиров Сабуров будааст,– гуфт Юрий Михайлович.
Сорбони Ҳомид ҳатто бовар накард ва хулосаи ташхиси дактилокопиро худаш бори дигар хонда баромад ва сипас аз ғалладони мизи кориаш пурбинро бароварда ба нақши ангуштони Сабуров ва нақши ангуштони аз бўстонсарои Кабиров гирифташуда, ки ба хулосаи ташхис ҳамроҳ карда шуда буд чашм дўхт. Ҳарчанд мутахассиси ин соҳа набуд, вале ба қадри кофӣ дар ин ҷода маълумот дошт ва ҳатто имтиҳон ҳам супорида буд аз ин рў, бе ягон душворӣ он нуқтаи асосие ки ҳарду нақшҳоро ба ҳам мепайваст дарёфт.
Ў ҳамоно гўшакро бардошта ба муфаттиш Зарифӣ занг зада гуфт, ки эшон агар зид набошанд худи ҳозир Сабуровро дар иҳотаи посбонҳо (конвой) ба наздаш фиристад.
– Не, беҳтараш ман худам меоям, – гуфт Холмурод Зарифӣ.
То омадани муфаттиш ў ҳамроҳи Колеснитсин магнитофонро санҷида омодаи кор сохт.
Маълум мешавад, ки Давидова дар ҳақиқат дар бораи он расм ба Малсагова хабар дода будааст. Умуман, ташрифи Сабуров бе тавсияи Малсагова ба бўстонсарои директор рух надодааст, аз дил гузаронд ў, вале ба хулосае омад, ки дар ин ҷода пеш аз муҳлат хулоса баровардан нашояд. Ў ба навбатдор занг зада супориш дод, ки Сабуровро ба наздаш ҳозир намоянд…
Сабуровро бо дастони баста, ду милисионер вориди кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ намуданд.
Яке аз васиён, ки рутбаи сержанти хурд дошт ба таври низомӣ дар бораи ҳозир намудани Сабуров гузориш дод.
Сабуров ки ҳанўз рост меистод ҳатто сухани соҳиби кабинетро ки ба ў рухсати нишастан дод нашунид ва Сорбони Ҳомидро лозим омад, ки суханашро бори дигар такрор кунад.
– Раҳмат, ман рост меистам,–гуфт ў.
– Ҳоло ки имконият ҳаст гузашта шин, рост истодан бошад ба ҷонат ҳам мезанад.
Ў дигар ҳарфе нагуфта ба курсие нишаст.
– Ин дафъа чаро шуморо ҷеғ задем?
– Аз куҷо донам, – гуфт Сабуров.

пешина
аз 416
навбатӣ