Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз чӣ бошад, ки корҳо дар ин идора вақтҳои охир бе шарҳу эзоҳи шумо пеш намераванд, ба қавле шумо дар ин ҷо шореҳи сиёсӣ шудед ва мо то ҳанўз ба он каломи шакарини шумо муҳтоҷем.
– Ман, аллакай, дар ду пурсиши аввал муфассал ба шумо гуфтам.
– Мо диламон аз шумо пур ва бовари дораем дар ҳалли муаммое, ки ду ҳафта боз моро ором намегузорад, кўмаки хешро дареғ намедоред.
Дар кушода шуду муфаттиш Холмурод Зарифӣ рухсат пурсида, вориди кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуд ва гузашта ба курсие нишаста гуфт, ки корро давом диҳед.
– Агар ман он хел мушкилкушо мешудам, имрўз дар ин ҷо наменишастам.
– Акнун гўед, ки кай дар кадом ҳолат ва чӣ хел нақши ангуштони шумо дар бўстонсарои директори заводе, ки он ҷо кор мекунед мондааст?
– Шояд ин ҷо хато шуда бошад?
– Хато шуданаш ғайриимкон аст, акнун кўшиш намоед, ки чун ҳисоботи стенографӣ ҳар як ҳаракати хешро аз соати 19 то 23– и рўзи 28– уми апрел ба ёд биёред.
– Нақши ангуштони маро дар ҳама ҷо чун нақши ангуштони ҳар як бандаи осӣ, ки ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд ёфтан мумкин. Худи ҳамон рўз бо амри котиба Файзуллоева ман ду дастаи асбобу анҷомҳоро бурда, ба автомашинаи хизматии сардор бор кардам. Метавонед инро аз ронанда Назаров ҳам пурсед. Ба замми ин дар рафти кор мумкин бо амри худ директор ягон ашёро то автомашинаи хизматии ў бурда бошам. Бўстонсарои директорро бошад, ман бо чашм аз дур ҳам надидаам ва намедонам чӣ хел бегуноҳии хешро собит кунам.
Хуш, то андозае мо бовар кардем, акнун бигўед, ки дар корхона бо дастони мубораки шумо кадом ашёҳо ба хонаи директор ё бўстонсарои ў рафтанд?
– Албатта, ҳар он чӣ, ки баъзан бо супориши ин ё он роҳбар ман то автомашинаи хизматии директор мебурдам, коғазпеч буданд ва дар дохили онҳо чӣ буду чӣ не ман намедонам.

пешина
аз 416
навбатӣ