Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ин мо асос ҳам доштем. Охир, ба воситаи ин расм коргари оддӣ не, балки директори як корхонаи муҳташами шаҳр ба шантаж даст зада буд. Ба фикрам дигар кас ҳам агар аз он расм хабардор мешуд, ҳамин хел фикр мекард. Баъди ин ман қариб, ки ба зиндагии директор таваҷҷўҳ зоҳир намудам ва ду ҳафта баъди гуфтугўямон бо Фотима Малсагова ман фаҳмидам, ки директор рухсатии меҳнатӣ гирифта, рўзи 28– уми апрел ҳамроҳи ҳамсараш ба санаторияи «Зумрад» меравад. Ман ҳамон бегоҳ ин хабари хушро нарезондаю начаконда ба гўши маҳбубаам расондам.
Албатта, баъди ин моро хоб ҳам набурд. Фотима гуфт, ки дар расм шахсе аксбардорӣ шудааст, ки Кабиров бо ҳамин қадар давлату савлат наздаш бечора аст ва агар бахт мадад намояду он расмро ба даст орем бози давлат ба сарамон мешинад. Албатта, дар куҷо пинҳон будани он расмро мо намедонистем, вале баъди муҳокима ва мулоҳизаҳои бешумор ба хулосае омадем, ки расми сеҳрнок аз бўстонсаро берун нест.
Ниҳоят мо ҳамаи тарафҳои ин амалиётро тарҳрезӣ намудем.
Ташрифи хешро ба бўстонсаро ба шоми 28– уми ба 29– уми апрел, яъне баъди ба Исфара рафтани Кабиров қарор додем.
Вале воқеае рух доду дар нақшаи амалиёт мо каме дигаргунӣ дохил намудем.
– Чӣ хел дигаргунӣ?
– Дар ҳайати команда. Аслан, аз рўйи нақшаи пешакӣ бояд ба бўстонсаро ману Фотима ташриф меовардем. Назорати дарунӣ ба зиммаи Малсагова ва корҳои ҷустуҷўи дохили бино ба зиммаи камина афтода буд. Вале рўзе Фотима дар хонаи як ҳамшаҳрияш бо духтаре шинос шуда, ўро ба хонааш овард.
Зўҳро ҳам дар асл духтари зебо буд ва бо хоҳиши Фотима ман яке аз дўстонамро бояд бо ў шинос мекардам. Тахминан чор ё панҷ рўз пеш аз ин воқеа ман дар кўча бо як ҳамяроқам, ки аз шаҳри Хуҷанд омада буд, вохўрдам. Сипас, он ҳамяроқамро ба хонаи маҳбубаам бурдам ва бо Зўҳро шинос намудам. Ба фикрам ситораи Олим ва Зўҳро рост омад. Азбаски чунин вохўриҳо бе маблағ намешаванд, ман Олимро барои ғорат намудани бўстонсарои директори заводамон, ки дар ҷазираи бефарёд ҷойгир буд, ҳидоят намудам. Дар аввал ў розӣ нашуд ва вазъи ўро дида Фотима гуфт, ки ман худам меравам, баъди ин Олим худро далертар ҳис карда, Фотимаро аз ин роҳи хавфнок баргардонд.

пешина
аз 416
навбатӣ