АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Аз ин рў, иҷрои нақши Фотима ба зиммаи ў афтод.
– Аршиева дар ин гуфтушунид иштирок дошт? – пурсид Сорбони Ҳомид.
– Не, ҳамон лаҳзаи гуфтушунид ў набуд ва Фотима ҳам хоҳиш кард, ки меҳмонро ба дарду ғами хеш шарик накунем.
Худи ҳамон рўз ман соати 18 ба фурудгоҳ рафтам ва ба ҷадвали парвози тайёраҳо шинос шудам. Аз рўйи ҷадвал самолёт бояд соати 19 20 дақиқа аз Душанбе парвоз мекард. Азбаски ҳаво он рўз дар Душанбе нағз буд, ман асосеро барои боздоштани парвоз надидам. Бар замми ин соати 18 20 дақиқа автомашинаи хизматии директор ў ва ҳамсарашро ба фурудгоҳ овард. Албатта, онҳо маро надиданд, вале ман онҳоро хело назора намудам. Баъди ин ба хона омада, бори дигар ин масъаларо ҳамроҳи Зубайдов муҳокима намудем. Ҳамин тариқ соати 21 10 дақиқа мо, аллакай, дар назди бўстонсаро омодаи кор будем. Баъди назорати на чандон тўлонӣ ман оинаи тирезаро бурида, задвижкаҳои тирезаро тоб дода, онро кушодам ва бе мамониат вориди бўстонсаро шудам. Зубайдов бошад дар берун бўстонсароро ба зери назорат гирифт.
Фотима гуфта буд, ки китобхона дар ошёнаи дуюм воқеъ гашта ва аз ин рў ман ба ошёнаи якум таваҷҷўҳе зоҳир накарда, рост боло баромадам.
Дари хонаи аввалро кушода чароғ даргирондам. Акнун нав нияти ба кор сар кардан доштам, ки касе аз хонаи шафт овоз дода гуфт ман ин ҷо. Рости гап инашро ман интизор набудам. Намедонам чӣ хел аз рўйи мизи дар он ҷо буда, ҳайкалчаи марди аспсавореро гирифта, ба хонаи шафат давидам. Болои кат духтаракеро дароз кашида дидам ва хостам қафо баргардам, вале ў маро шинохта гуфт:
– Тоҳир дуздӣ омадӣ?
Аз ин суол худро лаҳзае гум кардам ва ба тарафи ў давидам. Ў ҳанўз фурсати аз ҷой дуруст бархостан наёфта, ман ба сараш бо он ҳайкалчаи дар дастам буда зарба задам.
Ҳамааш ҳамин,– гуфт ў ва сар ба зер афканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё