АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Гуфтам–ку зиндагӣ қонунҳои худро дорад, азбаски аз бўстонсарои директор мо ягон фоидае ба даст наовардем, хостем бахти хешро дар хонаи Авазов санҷем. Охир беҳуда нагуфтаанд ки: то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст.
– «Кўзапуштро танҳо хоки гўр рост мекунад» мақоли мардумиро шунидаед?– пурсид Сорбони Ҳомид…
Химчаро дар сабзиаш ва оҳанро дар гармиаш рост мекунад гуфтагӣ барин муфаттиш Зарифӣ ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ба хулосае омаданд, ки пурсиши дигар аъзоҳои ин гурўҳи ҷиноятпешаро ба таъхир андохтан мумкин нест. Бинобар ин баробари гусели Сабуров, Малсаговаро ба назди хеш хонданд. Осетиндухтарро чунон пурсиданд, ки дар биҳишт буданашро фаромўш кард. Ў фаҳмид, ки биҳишт он ҷоест, ки ба қонунҳои умумибашарӣ риоя кунӣ. Барои ў ва ў баринҳо ки бар хилофи қонунҳои ҷорӣ по мениҳанд, ҳама ҷо аз дўзах беш нест. Малсагова ба муқобили факту далелҳои кормандони тафтишот тоб оварда натавонист ва аз парвозҳои минбаъда дар ин сарзамини зебоманзар дасту дил шуста, чун булбул ба сухан даромад. Ва чунон сирро кушод, ки дигар барои рў ба рўкунии ў бо дигар аъзоёни гурўҳ ҳоҷате намонд…
… 43 …
Вай аз дур Сабринисоро дид ва хост ҳамоно худро ба наздаш расонад, вале баъди лаҳзае давидан дарёчаи на чандон азимеро дар миёна дида, суръати ҳаракаташро суст кард.
Духтар ҳам ўро аз он тараф дида ба лаби дарё омад…
Пероҳани сафед дар бар Сабринисо дар соҳили муқобил ўро ба сўи хеш ово намуд. Мўйҳои ҳалворанги то миён хамидааш ба қомати баландаш ҳусни нав зам мекард.
– Чаро чунин пироҳани сафеди дароз пўшидаӣ?
– Ба ин тараф гузар баъд мефаҳмӣ.
– Гузашта наметавонам, бин чӣ хел ҷараёни об тез аст.
– Боз худро мард мегўӣ, канӣ гузар,– амр кард Сабринисо.
Ва ў болои санги соҳил баромада хост худро ба тарафи маҳбубааш ҳаво диҳад, вале мувозинаташро гум карда ба дарё афтид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё