Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дастатро деҳ, – илтиҷо намуд ў.
Духтар қоҳ –қоҳ зада хандид. Ҷараёни об ўро гоҳ ба қаъри дарё бурда, гоҳ берун меовард. Симои Сабринисо торафт аз назараш дуртар мешуд. Ў бо тамоми қувва барои халосии хеш дастак мезад, вале аз пеш гирдобе баромаду ўро ба зераш фурў бурд…
Занги соати рўйимизӣ ўро аз хоб бедор кард. Ў лаҳзае ба атроф чашм дўхт. Оиша сари гаҳвораи Мухтор… Мадина болои каташ ба хоби ноз…
Хайрият ҳамааш дар хоб будааст,– аз дил гузаронд ў. Хост таъбири хобашро аз ҳамсар пурсад, вале тарсид… Охир бе пурсидан ҳам ҳамааш айён буд, ки хоби бад дидааст ва борҳо шунида буд, ки хоби бадро на ба касе, балки ба об гуфтан беҳтар аст…
Чӣ гап бошад, чаро Сабринисоро хоб дидам. Охир, ман ба ёди ў хоб нашуда будам.
– Вале ў бо гуноҳи ту дунёи равшанро тарк кард.
– Ҳақи гапро гуфтан лозим, охир ў ба ман хиёнат кард на ман.
– Ўро барои ҳамон расми зормонда ба қатл расониданд ва албатта, рўҳаш аз ту домангир аст.
– Пас чаро он расмро набурданд?
– Ба ҷуз худат ақли кӣ мегирад, ки расми хоин дар паси расми чиконка кардашудаи гул маҳфуз аст…
– Модоме, ки намедонистанд, чаро ба он ҷо ташриф оварданд?
– Агар вазъият оромтар мешуд, аз дусар он расмро меёфтанд ва агар он расмро ту дар вақташ ба ҷойи лозимӣ месупоридӣ дар хуни маҳбубаат зомин намешудӣ. Аз рўйи он шуда ҳаёти худат ҳам сари мўест…
– Ин қадар воҳима кардӣ?
– Ман ҳақиқатро мегўям, шахсе ки ту имшаб бо телефон ба вохўрӣ даъваташ намудӣ, дар талоши ҷони хеш чӣ қадар хуни ноҳақ рехт ва ин дафъа туро тамоман аз байн мебардорад. Аз хонашаро талаб кардан ҷонашро талаб мекардӣ осонтар буд.
Ҳоло ў ҳам хоб нест ва нақшаи чӣ хел аз байн бардоштани туро кашида истодааст.
– Находи зўри ман бо ҳамон як мўйсафеди фартут нарасад?

пешина
аз 416
навбатӣ