АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Чун ҳама аз автомашина берун шуданд ва хостанд ба ошёнаи сеюми бино, ки Малсагова истиқомат дошт ҳаракат кунанд, осетиндухтар онҳоро боз дошта гуфт ҳамаи он чизу чорае, ки боиси таваҷҷўҳи милиса гаштааст дар таҳхона ҳастанд. Ин даъфа ҷуз ба самимияти ў бовар кардан гурўҳи тафтишотиро дигар чорае намонд.
– Калидҳои таҳхона дар куҷо?
– Дар боло,– гуфт Малсагова.
– Азбаски хона ду шабонарўз боз дар зери назорати милиса буд ва нозири минтақавӣ Амрихудоев сарвари гурўҳи назорати берунаро ба дўш дошт, дар иштироки ў ва ду милисионери посбон муҳри коғазинро аз дари хона канда, ба Малсагова ва васиёнаш (конвой) имконият доданд, ки калидҳоро гирифта биёранд.
Амрихудоев, ки аллакай ду нафар ҳамсояро ба ҳайси шахси холис даъват карда буд, ба сардори гурўҳ онҳоро муаррифӣ намуд.
Бо хоҳиши муфаттиш Малсагова ҳозиринро бори дигар ба рафти воқеаҳо шинос намуда гуфт, ки рўзи 7 май баъди аз меҳмонхонаи тибби милиса баргаштан ҳамаи он асбобу анҷоме, ки дар рафти амалиётҳои ҷинояткорона Сабуров ва Зубайдов ба хонаи ў оварда буданд, дар ҷомадони кўҳнаи рангаш сиёҳ ҷо намуда, дар ҳамин таҳхона оварда пинҳон намудааст.
Чун муфаттиш ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёнро фаҳмонда дод, ҳозирин ба таҳхона ҳаракат намуданд ва Малсагова худаш дари таҳхонаашро кушода аз байни ашёҳои чангзеркарда ҷомадони сиёҳеро берун овард.
Дар қатори дигар ашёҳо ҳайкалчаи биринҷии Михаил Илларионович Кутузов низ буд…
… 45 …
Бим чун банд аст андар пойи мо,
Варна сад сел аст дар дарёи мо.
– Вақти саг ки сар кард… гўён ў гўшаки телефонро ба ҷояш гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё