Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– «Душманат гар паша бошад, камтар аз филаш мадон».
– Ёфтӣ филата!
– Ба ҳар ҳол эҳтиёт ними ҳаёт ва хоби дидаатро андеша кун.
– Охир, ман наметавонам, ки барои як хоб шуда аз баҳри он хонахои қасрмонанд гузарам. Падарам ба ҷуз он расм ба ман чизе ба мерос намонд ва ман наметавонам аз мероси падар даст кашам. Ин ба хаёлам охирин вохўрии мо мешавад. Пас аз гирифтани хонаҳо ман ўро ба ҳоли худ мегузорам.
– Ба доно ишорату ба нодон калтак. Охир ту ҳамон вохўрии се рўз пештаратро дар майдони марказӣ, дар рўзи иди ғалаба ба ёд биёр. Ёд дорӣ ў ба ту гуфт, ки ҳар куҷо дилат хоҳад бурда он расмро супор.
– Рости гап дар он ҷо аввал айби ман шуд, чунки ўро ба иди ғалаба табрик намудам ва ў кинояи маро фаҳмид. Дишаб барои вохўрӣ розигиашро дод–ку.
– Пас чаро вохўриро рўзона нею ба шабона қарор додед?
– Вақт ва соати вохўриро аслан ў таъин кард ва ман чӣ ҳам мегуфтам…
– Фаромўш накун Сабринисо туро ба сўи хеш ово кард, на ўро…
– Охир на ҳама хобҳо дурустанд.
– Вале хоби субҳдам…
– Акнун, ки бо ин занги соат Мухторро бедор кардӣ гаҳвораашро ҷунбон,– гўён Оиша аз сари гаҳвора бархест…

… 44 …

Субҳи рўзи 12 май прокурори ноҳия барои кофтукови манзили Малсагова розигӣ дод. Зарифӣ имзои Эмомовро дар гўшаи қарор гирифта ба милиса омад. Лаҳзае пас ба кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Малсаговаро ҳозир намуданд. Муфаттиш ўро бо қарор шинос намуд. Сипас, дар иҳотаи конвой (ду посбон) Малсаговаро ба автомашина шинонда ба хонаи Малсагова омаданд. Нозири минтақавӣ Амрихудоев, ки сари субҳ дар ин бора огоҳ шуда буд, гурўҳи тафтишотиро дар назди хонаи Малсагова пешвоз гирифт.

пешина
аз 416
навбатӣ