АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Чӣ мехоҳӣ?
– Чорае андешидан лозим.
– Агар обрўйи ману падаратро мехостӣ, бояд аввал фикр
мекардӣ , вале акнун оби рехтаро ҷамъ карда намешавад.
– То ҳанўз дер нашудааст.
– Чӣ хел?
– Ба ман боз ду ҳафта вақт диҳед.
– Барои аборт?
– Не.
– Пас барои чӣ!?
– Барои он шахсе, ки кўдак аз ўст. Биёяду хостгорӣ кунад.
– Он кас муҷаррад аст?
– Қариб.
– Муаммогўиро бас кун!
– Аз ҳамсараш ҷудо мешавад.
– Сабаб?
– Чунки фарзанд надоранд.
– Аз бахти дигаре бахт меҷўӣ?
– Чӣ илоҷ, зиндагӣ ҳамин аст.
– Шарму ҳаё ҳусни зан гуфтаанд, сад афсўс, ки онро ман
дар духтари худ намебинам. Акнун рав…
… 11 …
Ҳасан тайи се рўзи охир чандин маротиба ба хонаи Зулхумор занг зад, вале… Ҳарчанд ў барои аз байн бароштани ҳамсари Зубайдов ба Зулхумор ваъда дод, вале дар лаҳзаи охир аз райъаш гашт. Ва се рўз пеш аз ҳодисаи ба сари Замира омада вофиқ гашта, ҳамоно ба хонаи Зулхумор занг зад. Ба ҷойи Зулхумор модараш гўшакро бардошта, гуфт ки духтараш дар хона нест. Чаро дар давоми ин се рўз Зулхумор ба ў занг назад, худаш ҳам ҳайрон. Шояд ў ин амали нопоки хешро ба воситаи дигар кас ба анҷом расондаю ба даст афтида бошад. Саволҳои зиёду беҷавоб Ҳасанро ҳеҷ ором намегузошт. Дар байни ҳамин фикру андешаҳо ў нияти аз хона баромадан дошт, ки телефон занг зад.
– Гўш мекунам.
– Ин ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё