АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Хайрият.
– Аз афташ маро ёд кардед?
Хост, ки ба воситаи телефон ўро ба ҷояш шинонад, вале боз аз райъаш гашт. Аз чунин оқипадарон ҳама корро интизор шудан мумкин, рафту…
– Чаро хомушӣ.
– Вохўрдан лозим.
– Ҳоло вақтам нест бегоҳ шуморо дар ҳамин ҷо интизор мешавам, – гуён духтар пешдастӣ карда, гўшакро ба ҷояш монд.
Ў лаҳзае лолу карахт монд ва ҳатто ба ҷояш гузоштани гўшаки телефонро аз ёд баровард. Ҳамсараш ба хона даромада гўшаки телефонро аз дасташ гирифта, гўш кард ва ниҳоят гуфт:
– Кўзапуштро танҳо гўр рост мекунад, вале ту дар ҳамон ҷо ҳам рост нахоҳӣ шуд, фаҳмидӣ?…
… 12 …
Ҳарчанд сардори шўъба подполковники милиса Додарбеков то ҳанўз дар бораи рафти тафтишот норозигии худро изҳор накарда буд, вале сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нисбат ба кори хеш қаноатманд набуд. Рафти тафтишот шахсиятҳои навро ба саҳна баровард, ки ба таври ростхата ҳам набошад, бо роҳи ғайри мустақим ба марги Зубайдова манфиатдор буданд. Дар рўйхати ин қабил ашхос Зулхумор, ки то ҳанўз фамилияааш барои тафтишот муайян набуд, меистод.
Дар маҷлиси оҷилии назди сардор масъалаи мазкўр мавриди муҳокима қарор гирифт ва аз рўйи вазъи нави дар рафти тафтишот ба амал омада, ҳайати гурўҳи таъҷилӣ– тафтишотӣ супоришҳои аниқ гирифтанд. Баъди анҷоми маҷлис Додарбеков хоҳиш кард, ки сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов боз андак сабр кунад. Чун ҳама аз кабинет баромаданд, Додарбеков гуфт:
– Рафиқ майор, назарияҳоро дар ду самт не, аниқтараш дар се самт тартиб дода кор кардан лозим.
– Мефаҳмам.
– Ба фикратон кадом самтҳоро ман дар назар дорам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё