АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Самтҳои асосӣ Зубайдов ва Зулхумор, самти иловагӣ бошад ин роҳзанӣ.
– Бисёр хуб.
– Чӣ хуб?
– Хубӣ дар он, ки сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳам чун сардори шўъба фикр мекунад.
– Не, рафиқ подполковник, ин ҷо сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ чун сардори шўъба фикр намекунад, балки вазъияти ба амаломада ўро ба чунин фикрронӣ маҷбур месозад.
– Аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағир намеёбад, ҳарчи тезтар он мўйсафеди озар…чӣ буд номаш?
– Осмон Самад – оғлӣ.
– Ҳа, Осмон ё Усмон Самад – оғлиро ёфта пурсидан лозим, агар нишондоди Зебо Халилова рост бошад, пас роҳзанӣ самти асосии ҷустуҷўйи мо қарор хоҳад гирифт.
– Хуб шудааст.
– Ҳарду дар як вақт аз кабинети сардор берун шуданд.
Шом шуда буд…Додарбеков дар роҳи калон фаромада, ба ронанда супориш дод, ки майорро то хонааш барад.
Абдумаҷидов аз автомашина фаромада чашмаш ба ошёнаи дуюм бархўрд ва чароғҳои фурўзони хонаашро дида хаёл кард, ки хомўш кардани онҳоро се рўз пеш фаромўш кардааст.
Ронанда Зафар ҳам таклифи ўро барои меҳмон шудан рад кард ва дар як мижа задан автомашинаро ба маҷрои калони нақлиёти дар роҳи калон ҳаракаткунанда дароварда, аз назар пинҳон шуд.
Акбаршоҳ калидро ба қулф андохта онро тоб додан хост, вале калид тоб нахўрд. Наход қулф кардани дарро ҳам фаромўш карда бошам? Ниҳоят дарро тела дод ва дар рў ба рўяш Наташаро дид, ки ба ҳоли ў механдид.
– Қариб буд қулфро шиканед?– гуфт зан ва ба истиқболи шавҳараш ҳаракат кард. Вале Далер пешдастӣ карду худро бо оғўши падар партофт.
– Дадаҷон, дадаҷон, ман Шуморо ёд кардам.
– Ман ҳам.
– Маро чӣ?– пурсид зан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё