Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Лозим нест, – гуфт Зулхумор дарро аз берун пўшида.
Каромат лаҳзае сару калобаашро гум кард, чун ба худ омад, аз қафои Зулхумор баромад, аммо то пеши бино расида буд, ки Зулхумор ба таксие нишаст…

… 14 …

Дар идораи маълумотдиҳӣ суроғаи Самад – оғлиро бисёр ҷустуҷў накарданд.
– Мўйсафед дар ҳақиқат мутахассиси варзида дар соҳаи геология ба шумор мерафтааст. Ба ў на танҳо шахсони алоҳида, балки мутахасисони бахши криминалистикаи Вазорати корҳои дохила муроҷиат намуда, ба саволҳои хеш ҷавоб мегирифтанд.
Акбаршоҳ занги дарро пахш кард.
– Дар кушода, дароед! – нидо омад аз дохили хона.
Ў ба хона ворид шуд.
– Марҳамат, ба ин тараф гузаред, ман ин ҷо.
Акбаршоҳ ба самти овоз ҳаракат кард ва дар хонае мўйсафедеро болои кат хобида дид.
– Бубахшед, Осмон Самад– оғлиро дидан мумкин– мӣ?
– Ҳа, ин ман, марҳамат, гузашта шинед.
– Майор курсиеро гирифта, дар рў ба рўйи мўйсафед нишаст ва худро муаррифӣ кард.
– Бисёр хуб, – гуфт мўйсафед. Агар ба ман коре дошта бошед, иҷрои он ба гумон аст, писарам.
Акбаршоҳ мақсади омаданашро гуфт.
– Зиндагӣ косаи давр аст, писарам. Даври мо гузашт. Бо чунин аҳвол, ки қариб ҳафтод фоизи биноиамро гум кардаам, чи тавр метавонам ба дарди касе даво шавам? Онҳое, ки бо чунин суолҳо ба ман муроҷиат мекарданд, қариб як сол боз роҳи ин хонадонро фаромўш намуданд…
Ба самимияти суханони мўйсафед бовар карда Акбаршоҳ бо ў худоҳофизӣ намуду берун баромад…Нобаробарӣ дар кор ўро хаста сохта буд. Акнун умедашро аз Осмон Самад– оғлӣ ҳам канд. Аз кадом нуги гиреҳ доштанро намедонист. Ҳарчанд дар ин бозӣ ҳанўз тузҳоро пурра аз даст надода буд, вале ба мувафаққияти пурраи онҳо боварӣ надошт. Дар бозии кунунӣ Каромат ва Зулхумор тузҳои асосӣ буданд. Халилова ҳам метавонист барои ҳимояи худ тафтишотро ба гумроҳӣ андозад, вале то ҳанўз Акбаршоҳ алоқаеро дар ин кор намедид.

пешина
аз 416
навбатӣ