Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо дасти холӣ ба идора рафтан маъние надошт, бино бар ин ў ба ҷустуҷўи Зулхумор ки суроғашро аз Каромат гирифта буд, рафт.
Ў ба ошёнаи сеюм баромада, занги дарро пахш кард.
Нохост дар кушода шуду зани миёнқади ғафсе дар паси он меистод.
– Ба шумо кӣ даркор? – бо қошу қавоқи гирифта гуфт зан.
– Зулхумор.
– Ҳа, ба дастам афтидӣ– ку. Канӣ ба хона даро!
Акбаршоҳ хост фаҳмонад, ки ў иштибоҳ мекунад, вале ҳисси кунҷковиаш боло гирифту хомўш монд.
– Канӣ ба хона даро! – дубора амр кард зан.
Зан ўро ба меҳмонхона бурд ва гуфт:
– Чӣ тайи ин чанд рўз телефони Зулхуморро нигоҳ кардӣ?
Ман ҳамон рўз баъди телефон карданат онро кандам. То худи ҳамин саҳар ўро дар ҳабс нигоҳ доштам. Саҳар сар додам, ба фикрам ба суроғи худат рафт. Ана, ҳамин хел Ҳасанҷон. Ҳеҷ чиз аз ман пинҳон намемонад…
Садои кушодани дар аз нав ба гўш расид. Лаҳзае пас духтараки баландқомате вориди меҳмонхона шуда, марди ношиносеро ҳамроҳи модар диду хост чизе гўяд, вале модар пешдастӣ карда гуфт:
– Оқибат кавалерат ҳам ба дастам афтид?
– Оча, чӣ ақлатонро хўрдаед магар? О, ин касро ман бори аввал мебинам.
– Чӣ?
– Ин касро ман намешиносам.
– Боз ман гумон кардам, ки ин кас ҳамон Ҳасан аст.
– Чаро шумо пештар гап назадед, – гуфт модар ба тарафи меҳмон нигариста.
– Ба фикрам шумо ба ў имконияти гап задан ҳам надодед,
– гуфт духтар.
– Чӣ хел?
– О, ин бори аввал нест– ку.
– Хайр, ҳеҷ гап не, хуш омадед, меҳмон, нури дида тоҷи сар, гуфт модар.

пешина
аз 416
навбатӣ