Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Медонед чӣ?
– Не.
– Ба фикрам ҳамон шахс худашро ба ҷойи мўйсафед Осмон Самад– оғлӣ муаррифӣ кардааст.
– Не, чаро? – Он кас гўшворҳои бурдаи моро дид ва гуфт ки сангҳояшон рубини тозаанд. Замира ба ў даҳ доллар ширинкома дод.
– Пас яку якбора шумо ҷудо шудед?
– Не, ў ҳамроҳи Замира ягон даҳ қадам аз ман дуртар рафтанд ва тахминан боз панҷ дақиқаи дигар суҳбат карданд.
Сипас, ба назди ман омаданд ва ў то истгоҳ, моро гусел кард.
– Агар ўро бинед мешиносед?
– Албатта. Дар байни сад кас ҳам бошад мешиносам.
– Биёед ҳамроҳ як сайр кунем?
– Чӣ хел сайр?
– Сайр боз ягон маънои дигар дорад?
– Албатта. Вале ман аз он занҳои гумон мекардагии Шумо нестам.
– Ман ҳеҷ гуна гумон накардаам ва мақсади ман низ он чизе нест, ки шумо фикр мекунед.
– Майлатон, ман розӣ.
Онҳо якҷоя ба берун баромаданд. Нохост фикре ба сари Акбаршоҳ заду ба Зебо нишон додани мўйсафед Самад оғлиро мавқуф гузошта гуфт:
– Ба фикрам ба сайр рафтани мо ҳоло маъние надорад, беҳтараш пагоҳ дар ҳамин вақт ба идора биёед, меравем.
– Хуб шудааст, – гуён Зебо ба тарафи истгоҳ рафт…

… 15 …

Сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба прокуратура омад.
Исҳоқ Табаров ба навиштани чизе машғул буд ва ўро дида, қаламро болои миз монду аз ҷояш хеста, барои вохўрӣ даст дод. Майорро ба нишастан таклиф карда, гуфт ки дер омадед.
Тахминан панҷ дақиқа пеш Зубайдовро ҷавоб додам.

пешина
аз 416
навбатӣ