АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Натиҷаи пурсупос чӣ хел?
– Баъди пурсупоси шумо дигар ягон чизеро аз ў гирифтан мушкил.
– Шеф ҳар рўз натиҷаи тафтишотро мепурсад ва норозигии хешро нисбати сустии кор иброз медорад.
– Чӣ илоҷ?
– Мефаҳмам, вале ягон чорае андешидан лозим, рафиқ майор.
– Ҳар қадар ба зиндагии мақтул шинос шудам, ҳамон қадар ба тури танидаи ў дармондам.
– Равшантар гап занед.
– Ба фикрам Зубайдова аъзои ҷаҳони криминалӣ буд ва маҳз ҳамин ҷаҳон ўро ба «нафақа» гусел намудааст.
– Далел?
– Ин ҳама ёқуту алмос бебало набуданд.
– Ёқут аз куҷо?
Акбаршоҳ протоколи пурсиши навбатии Зебо Халиловаро ба дасти муфаттиш дод.
– Бад не, – протоколро хонда гуфт Табаров. Бовар кунед, ман то имрўз алмосу ёқутро дидагӣ нестам.
– Ман ҳам.
– Акнун гўед, ки чаро Халиловаро ба сифати гумонбаршуда пурсидаед?
– Халилова ҳам ба фикрам аз ҳамон ҷаҳон аст ва бо гург ба забони худаш гап задан беҳтар.
– Таҷрибаи Шуморо ба инобат мегирам, рафиқ майор.
– Ин киноя?
– Не.
– Аз рўйи таълимоти ҳозира прокуратура органи назоратист. Ба таври дигар гўем, тамоми пасту баландиҳои тафтишотро мо бояд аз Шумо омўзем ва бори аввал мешунавам, ки корманди прокуратура таҷрибаи кории милисаро сармашқи кори худ гардонад.
– Ба чашми ниҳон дид бояд ҷаҳон Ки чашми аёнат набинад ниҳон, – гуфтааст устод Рўдакӣ.
– Дигар суханеро овардан мушкил ва акнун боварӣ дорам, ки заррае ҳам киноя дар гуфтори шумо набудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё