Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд маро аз шўъбаи сангшиносии Вазорати молия пеш карданд, вале офаридгор бо баҳонае ангуштаринро ба ман фиристод ва ҳама коршиносони ин соҳа дар тамоми умри хеш чунин маблағро ба даст оварда наметавонанд. Вале барои бахт ҳамеша талош кардан лозим ва то рўзе ки Ўроз дар рўйи замин мегардад, ман нафаси осуда гирифта наметавонам. Худо нигоҳ дораду ўро барои куштани Замира дастгир накунанд…
Агар алмос бузург намебуд Фирдавсии бузургвор дар ин бора ёдовар мешуд?

Ту гуфтӣ, ки алмос ҷон дораде,
Ҳамон гурзу найза забон дораде.

Агар алмос бузург намешуд, магар ғулом онро медуздид…
Аз чӣ бошад, ки ў ривояти алмоси Регентро ба ёд овард.
Алмоси Регент 196, 5 қиротро ташкил медод, соли 1702 дар Ҳиндустон онро як ғуломе аз куҷое медўздад. Ҳангоми бо киштӣ сафар кардан ў сарашро захмин карда ин алмосро ба зери докаи сарбандаш пинҳон мекунад. Дар киштӣ ин сиррашро бо маллоҳе мегўяд ва дере нагузашта алмосро ба губернатори ҳинд– Питт бо қимати ҳазор фунт– стерлинг мефурўшад. Питт бошад онро ба 3, 5 миллион франк ба сарватманде мефурўшад.
Ба гаронбаҳоию сахтии худ нигоҳ накарда (дараҷаи сахтии алмос чунон аст, ки ҳатто аз сахтарин санги қиматбаҳо– корунд (аз калимаи ҳиндӣ курунд, ки таркиби он аз лаълу ёқут аст) 140 маротиба мустаҳкамтар мебошад мўъҷизаофар нест, вагарна бо шамшере, ки дастаи онро алмоси дар боло зикршуда оро медод ва онро чун мўъҷиза барои комёбию муваффақиятҳо Напалеон Бонапарт ба даст гирифта буду давлати Русро ба зери тасар– руфи худ дароварданӣ буд, шармандавор шикаст намехўрд…
«Умуман алмос давлат аст ва то кунун давлат ба касе вафо накардааст, эҳтимол то ба дасти ман расидан ин ангуштарин сари даҳҳо ҷавонмардонро ба бод дода ва боз кӣ медонад…»
Вай ин суханонро ба ёд оварда, рост хестани мўйи банашро ҳис кард. Ангуштарини алмосдор, ки дар дасташ буд, вуҷудашро сўхт ва аз дил гузаронд: наход ман ҳам…

пешина
аз 416
навбатӣ