АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳа, ту ҳам қурбони ҳамин санги зебо хоҳӣ шуд, – нидо омад аз қалбаш.
– Не, ин ҳеҷ мумкин нест, Худо нигоҳ дорад, – оҳиста гуфт ў ва танҳо буданашро ба ёд оварда, аз суҳбати хеш шарм дошту ангуштаринро ба қуттӣ андохта дар қафои китобҳои ҷевон пинҳон кард.
– Албатта алмоси ангуштарини Замира– бону аз алмоси Регент хеле, хурдтар аст, вале дар бозори имрўза қимати аз он зиёдтареро дорост…
Ў ба соати калони деворӣ нигарист. Ақрабаки он бисту дуву панҷоҳ дақиқаро нишон медод.
– Оҳҳо, шаб аз нисф гузаштааст – ку, – гўён ба хонаи хоб даромада буд, ки телефон занг зад.
– Дар ин нисфишабӣ кӣ бошад?– гўён гўшакро бардошт.
– Алло, Ҷамол– ака!
– Ҳа, ман.
– Вохўрдан лозим.
– Шумо кӣ?
– Ман Ўроз.
– Ман наметавонам, дар хона меҳмон.
– Намедонам, баъди ним соат шуморо дар истгоҳи пеши бозори «Баракат» интизор мешавам. Ҳиссаи маро бо худ биёред, – гуён Ўроз имконияти ба ў сухан гуфтан надода, гўшакро ба ҷояш монд.
– Алло, алло, – гуфт Ҷамол вале ғайр аз гуд – гуди телефон дигар садоеро нашунида гўшакро ба ҷояш гузошт…
… 18 …
Дар вақти таъиншуда Зебо Халилова ба милиса омад. То омадани ў сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Акбаршоҳ Абдумаҷидов боз чор сурати дигарро ки дар синну сол ба расми Осмон Самад – оғлӣ қариб мувофиқ меомаданд дарёфта, омадани Халиловаро интизор буд. Баробари вориди кабинет шудани Зебо ў ба навбатдор занг зада хоҳиш кард, ки ду шахси холисро ёфта, ба назди ў биёрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё