АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Тахминан баъди панҷ дақиқа ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Бобохонов ду нафарро ба утоқи кории майори милиса оварда, рухсат пурсида, худ пас гашт.
Акбаршоҳ дар асоси Қонун протоколи шиносоии суратҳоро тартиб дода, ҳуқуқу вазифаҳои холисонро фаҳмонда дод ва сипас Зеборо ки андаке пештар бо хоҳиш ў аз кабинет баромада буд, аз нав даъват кард ва дар асоси Қонун пурсид, ки оё шоҳид аз ҳамин панҷ расме, ки дар болои миз таҳти рақамҳои як то панҷ гузошта шудаанд, ягон нафарашонро дар ягон ҷо дидааст?
Зебо расмҳоро аз назар гузаронида гуфт, ки ягон нафареро намешиносад ва ба онҳо ягон бор рў ба рў нашудааст.
Иштирокчиён дар ин бора ба протокол имзо намуданд ва
Акбаршоҳ ба онҳо ташаккур гуфта, хайрухуш кард…
… 19 …
…– Ин падарлаънат рақами телефони маро аз куҷо ёфта бошад? Ба ҳар ҳол чорае андешидан лозим…Дар истгоҳ Ўроз ўро интизор буд.
– Хайрият омадед, Ҷамол– ака.
– Телефони маро аз куҷо ёфтӣ?
– Ҷўянда ёбанда, ё маро нияти фиреб кардан доред? Охир ман сарамро ба гарав монда супоришатро иҷро кардам.
– Авансро гирифтӣ?
– Гирифтам ва акнун барои маошам омадам, бовар дорам, ки маоши маро овардаед.
– Ман дар ин нисфи шаб барои ту аз куҷо маош ёбам. То ҳоло он ангуштарини зормондаро нафурўхтаам.
– Ба ман фарқаш нест, хоҳ аз таги замин…
– Ту аллакай он дусадро…
– Ба инаш кори ту набошад. Ман ҳақи ҳалоли худамро талаб мекунам ва онро чӣ хел истифода мебарам коратон набошад.
– Ту ҳамон хеле, ки дар экспидитсия будӣ…
– Он чи ки ба шир дар бадан рафт…Вале шумо тағир ёфтаед, ба фикрам як хислататонро то ҳанўз тарк накардаед?
– Кадомашро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё