Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дирўз бегоҳӣ бо азобе аз модар рухсат пурсида бо баҳонаи хонаи холааш ба ҷойи вохўрӣ бо Ҳасан рафт. Дар вақти таъиншуда Ҳасан омад. Қариб ним соат онҳо баҳс карданд ва Ҳасан ўро дар куштори Замира гунаҳкор кард. Зулхумор гуфт, ки дар лаҳзаи охир ў аз райъаш гашта буд ва ба ин кор даст назадааст.
– Дуруғ мегўӣ! Боз киро барои ин кори нопок ба роҳ андохтӣ?
– Ту чӣ, девона шудаӣ? Ман ғайри ту дар ин бора ба касе даҳон накушодаам, – гуфта буд, ки як мушти обдоре ба зери чашмаш фаромад.
Ҳасан дар он лаҳза аз ақл бегона шудагӣ барин буд.
Зулхумор илоҷе карда аз чанголи ў раҳо хўрд ва ба тарафи дар давида онро кушод, ки дар рў ба рўяш зани Ҳасанро дид. Қафо гашта хост дарро аз дарун маҳкам кунад, вале ин кор ба ў даст надод, чунки ҳамсари Ҳасан дарро сахт тела дода вориди хона шуд.
Ҳасан ки аз қафои Зулхумор давида хост ўро аз роҳ баргардонад ҳамсарашро дида дасту по хўрда қафо баргашт ва агар дар ошёнаи чорум буднашро ба ёд намеовард, эҳтимол худро ба поён мепартофт.
– Ҳа, ана, ту дар куҷо мегардӣ , – гуфт ў ва бо дасти чап аз гиребони шавҳар дошта, бо дасти рост ба рўяш як торсакии обдоре фароварда гуфт:
– Кўзапуштро танҳо хоки гўр рост мекунад, вале ту барин лаънатиҳо ҳамон ҷо ҳам рост нахоҳед шуд.
Зулхумор дид, чӣ тавр марде, ки лаҳзае пеш ба назараш чун паланг менамуд, рўбоҳ гардидааст…То кунун ў боварии комил дошт, ки ҳамсари Кароматро ў ба қатл расондааст, вале акнун…
– Чӣ хаёл кардӣ, ки ин фоҳиша аз ман беҳтар аст?
Ҳасан дигар маҷоли сухан гуфтан надошт.
– Канӣ пеш даро!– амр кард зан ва Ҳасан аз амри ў сар напечид…
Тамоми шаб Зулхумор мижа таҳ накард. Фаҳмид, ки Ҳасанро як умрӣ аз даст додааст. Шояд ҳаминаш беҳтар бошад– аз дил гузаронд ва худро болои кат партофт. Субҳ ба хона омада ба модараш дурўғ гуфт, ки дар роҳ ду роҳзане ба ў дарафтодану бо азобе ҷон ба саломат бурд.

пешина
аз 416
навбатӣ