Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модар ба ў бовар намуд ва талаб кард, ки дар ин бора ба милиса хабар диҳад.
– Не, очаҷон, аз ин фоидае нест, хабардиҳӣ бошад боз як ташвиши зиёдатиро ба сарамон меорад.
– Чӣ хел ташвиш, охир он роҳзанҳо бояд ҷавобашро гиранд.
– Гумон мекунӣ, ки милиса онҳоро меёбад.
– Албатта.
– Охир ман худам дар торикӣ онҳоро надидам.
– Набошад дурўғ нагўӣ.
– Бубахш, модарҷон!
Модар чизе нагуфта, ба хонаи дигар гузашт. Лаҳзае пас Зулхумор ба наздаш рафта, ўро бо чашмони ашколуд дид…
– Ҳаркӣ нагирифт панди падар, сазои сараш аз ин бадтар…
– Хайр шуд очаҷон, – сухани модарро бурид ў.
– Бубин худро то ба кадом дараҷа расондаӣ. Кошки маро замин фурў мебурду ин ҳолро намедидам.
– Ҳамааш нағз мешавад, очаҷон, бовар кунед.
– Худо медонад…
– Оча.
– Чӣ.
– Лаҳзае пеш ман бо милисионер гап задам.
– Ў ба ин ҷо омада буд?
– Не, бо телефон ба ў гапзанон кардам.
– Кай? Аз куҷо?
– Вақте ки Шумо ба мағоза рафтед, ман симҳои кандаи телефонро пайваст карда, ба милиса занг задам. Охир ман бояд имрўз ба он ҷо мерафтам ё фаромўш кардед?
– Не, фаромўш накардам, вале бо чунин аҳвол чӣ хел меравӣ?
– Ана, барои ҳамин занг задам ва то фардо муҳлат гирифтам.
– Ту гумон мекунӣ, ки то фардо башарат шакли аввалаашро мегирад?
– Албатта не, вале бо грим ҳаҷми онро хурдтар кардан мумкин.

пешина
аз 416
навбатӣ