Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сесад доллари дигарро баъди анҷоми амалиёт ва фурўхтани ангуштарин бояд ба вай медодам. Шаби 14 март соати 22:50 дақиқа телефони хона занг зад. Ҳамон вақт ман дар тараддуди хобравӣ будам. Аслан дар чунин бевақтӣ занги телефон ҳар касро ба ташвиш меорад. – Чӣ гап бошад?– гўён гўшаки телефонро бардоштам. Ҳеҷ гумон надоштам ки Ўроз рақами телефони маро ёфта занг мезанад. Ҳатто дар лаҳзаи аввал ман кӣ будани соҳиби овозро нашинохтам ва Ўроз маҷбур шуд худро муаррифӣ намояд. Ўроз вохўрии таъҷилиро талаб кард.
Ҳарчанд ман баҳона пеш овардам, ки дар хона меҳмон, омада наметавонам, вале ў суханашро аз нав такрор карда гуфт, ки баъди ним соат дар истгоҳи пеши бозори «Баракат» маро интизор мешавад ва гўшакро ба ҷояш монд.
Ҳа, қариб фаромўш намудам, ў боқимонда ҳиссаи хеш сесад долларо талаб кард. Ман инро интизор набудам. Охир суханони Ўроз аз хоҳиш дида ба фармон шабоҳат доштанд ва вақте, ки нохалафе чун Ўроз фармондеҳӣ мекунад аз он некиеро интизор шудан нашояд…Аз ин рў ман дигар илоҷе ба ҷўз ба ҷойи вохўрӣ рафтан надоштам. Ў маро дидан замон ҳиссаи хешро талаб кард. Ҳарчанд ба вай фаҳмондам, ки дар ин нисфишабӣ сесад доллар аз куҷо ёбам, гуфт ки кори ман нест, хоҳ аз таги замин…Ўроз чунон маст буд, ки худро яқин аз шери жаён кам намедонист. Аз рафтораш фаҳмидам, ки маро масхара мекунад. Маҳз ҳамин нописандии ў ғазаби маро дучанд кард. Ўроз якзайл он сесад доллари зормондаро талаб мекард. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе мерасаду ў чун гурба ба рўйи ман чанг мезанад. Гуфт ки агар худи ҳамин шаб ба ў ҳиссаи «ҳақу ҳалолашро» ёфта надиҳам, субҳи фардо ба милиса рафта ба гуноҳаш иқрор мешавад ва маро ҳам аз қафояш ба «дорулахлоқ» мебарад. Гумон кардам, ки ў ақлашро хўрдааст бинобар ин ўро ба хона таклиф кардам. Пурсид, ки дар хона нўшидан дорам. Гуфтам, ки хонаи гург бе устухон нест ва мо ҳарду пиёда ба тарафи купуруки калон ҳаракат кардем. Дар болои купурук ў ба девори эҳтиётии паҳлўи он такя карда, ба дарёи Душанбе гўш дод. Азбаски торик буд, дарёро дидан ғайриимкон буд, вале аз чӣ бошад, ки Ўроз шефтаи овози дарьё шуда буд.

пешина
аз 416
навбатӣ