Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ташкили имконоти ҷалби насли навраси тамоми қишри ҷомеа, махсусан, кӯдакону наврасон ба ҳаёти эҷодкорӣ вобаста аз қобилияту хоҳиши табииашон.

  2. Мубориза ба муқобили ҳар гуна бадхоҳони эҷодкорӣ ва ихтирооти маданӣ.

  3. Таъмини нигоҳдории маданияти таърихии халқӣ — миллӣ.

  4. Таъмини навсозӣ ва ихтирооту кашфиёти навини маданиятшиносию маънавӣ дар мамлакат.

  5. Ташкили муҳити солими алоқамандии мадании байни гурӯҳҳои хурд ва майдамиллатҳои гуногун дар дохили давлат.

Албатта, чунин сиёсати маданиро банда қобили қабул ва барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик шарти зарурӣ мешуморам. Фақат чунин сиёсат имкон медиҳад, ки арзишҳои баланди миллӣ баъд аз мӯҳлати зиёди парокандагии мадании замони Шӯравӣ барқарор карда шаванд, аз нав боз дар шакли навин истифода гарданду фаъолнокии мардумро баланд бардошта, рушди устувори менеҷмент ва умуман, иқтисоди кишварро таъмин созанд.

Ё худ роҳи дигаре, ки дар давлатҳои пешқадами дунё аз ҷумла ШМА, Ҷопон, Туркия ва бахше аз мамолики Аврупо дида мешавад, чунин аст:

  1. Тасдиқи умумиҷамъиятӣ будани маданияти миллӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ва гурӯҳҳои майдаи этникию авлодию қавмию қабилагӣ.

  2. Мувофиқакунонии инкишофи маданӣ ва иҷтимоию иқтисодию соҳибкорӣ дар давраи муайяни инкишофи мамлакат.

  3. Тасдиқи мавҷудияти маданияти баланди миллӣ ҳамчун омили асосии таъмини ягонагӣ ва дӯстии халқҳо.

  4. Ташвиқот ва дастгирии маданият ва қоидаҳои маданӣ ҳамчун механизми асосии пайвасти гузашта ва ҳозираи инкишофи ҷомеа, дастгирии бевоситаи урфу одат ва анъанаю маросимҳои миллӣ.

  5. Баҳисобгирӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихии маданиятшиносӣ ва ҷорӣ намудани талаботҳои ҳавасмандкунии омӯзиш ва дар амал татбиқи ин ганҷинаи бои таърихӣ барои ҳаёти ҷомеаи имрӯза.

пешина
аз 463
навбатӣ