Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

худ ҳамчун пешво баромад ва ҳар гуна эҷодкорию навовариро дастгирӣ карда, бевосита барои амалӣ гаштани он кӯмаки молиявию маънавӣ расонад. Фақат дар доираи менеҷменти як корхона ба низом даровардани меъёрҳо ва тағйиротҳои замонавии маданӣ дар шароити глобализатсияи чуқури имрӯза хеле мушкил буда, паҳлӯҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии он танзими давлатиро талаб менамоянд.

Бинобар ин, давлат бояд институти асосии ташаккул ва инкишофи маданӣ гардида, барои мавқеи баландро соҳиб гаштани он дар менеҷменти корхонаҳо шароити зарурӣ таъмин созад. Дар чунин ҳолат шароити мувофиқи иҷтимоию рӯҳии корӣ муҳайё гашта, одамон хоҳиши рӯҳии иҷрои кору мақсадҳоро пайдо намуда, мақсадҳои менеҷмент ва дар якҷоягӣ мақсадҳои давлатро амалӣ менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамолики тараққикарда имрӯз мақоми давлат дар ташаккули маданӣ нисбат ба давлатҳои рӯ ба тараққиниҳода камтар аст. Сабаб пеш аз ҳама дар он аст, ки ин функцияро асосан, дар давлатҳои пешқадам менеҷмент ба ӯҳда дошта, сарчашмаи асосии дастгирӣ ва ҳавасмандкунии маданӣ, махсусан, ихтирооту эҷодкориҳо гаштааст.

Корхонаҳои калон дар назди худашон институтҳои махсус ташкил намуда, маълумот ва илми соҳавӣ ва вобаста аз ин маданияти соҳавии худро инкишоф дода, корхона ва менеҷменти худро ба сатҳи байналхалқӣ баровардаанд, ки ин албатта, барои ташкилоту идораҳои Тоҷикистон шарти зарурӣ мебошад. Ташкили системаи пешқадами дастгирии инкишофу ташаккули маданӣ дар менеҷмент яке аз равандҳои асосии фаъолияти роҳбари хештаншинос буда, бо ин роҳ ӯ метавонад, ки ақида ва фикрҳои пешқадами худро бевосита дар амал ҷорӣ карда, дар таърихи инкишофи менеҷмент корнамоии бузург намояд.

Як нуқтаи муҳим қобили қайд аст, ки дар байни давлатҳои пешқадам, ки оид ба инкишофи маданият диққати махсус медиҳанд, Шветсия мебошад. Дар ин мамлакат равандҳои алоҳидаи бахши зерини маданият дида мешаванд:

  1. Дастгирӣ ва ташкили муҳити оводи эҷодкорӣ дар мамлакат.
  2. Ҳимояи маданияти миллӣ ва забон дар ҷаҳони инкишофёфтаи коммуникатсионӣ.
пешина
аз 463
навбатӣ