Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
гуфт, ки маданият доимо аз рӯи қоидаи ҳақиқати демократӣ баромад карда, манфиати аксариятро ҳимоя менамояд. Парокандашавии миллат низ аз тақсимоти синфии аҳолӣ ба вуҷуд омада, ҳар як ҷониб мехоҳад бартарӣ дошта бошад. Риояи маданият ва арзишҳои волои он бояд барои ҳар як аъзои ҷомеа шарти зарурӣ бошад, новобаста ба он ки фарқияти иҷтимоии аҳолӣ дар ҳама давру замон буд ва мемонад. Чунончи фарқи байни шаҳру деҳот, марказу ноҳияҳои дур, марказҳои саноатӣ ва минтақаҳои кишоварзӣ ё ин ки фарқияти забонӣ, анъана ва маросимҳо, урфу одат ва ғ., вале маҷбуран якеро ба дигаре тобеъ кунонидан ва ё барҳам додани яке аз онҳо ғайриимкон аст. То вақте ки талаботи одамӣ мавҷуд аст, шаҳру қишлоқ, тавофути маданияти хоҷагидорӣ ва касбию ҳунарӣ боқӣ мемонад ва онро ҳеҷ гоҳ дар ягон давру замон қувваи рӯизаминие барҳам дода наметавонад. Бинобар ин, дар чунин як ҳолати мураккаби маданӣ, ки барои Тоҷикистон низ хос мебошад, дар ҳама давру замон зермаданият (субкультура) мақоми хосаеро мебозад.
Аслан, зермаданият гуфта, рӯҳшиносон маданияти гурӯҳи иҷтимоиеро меноманд, ки дар дохили ҷамъият пайдо гардида, бо баъзе нишонаҳо, арзишҳо, равишҳо ва институтҳои худ аз маданияти умумимиллӣ фарқ мекунад.
Моҳияти зермаданиро метавон ҳамчун талаботи ҷамъиятӣ барои ба низом даровардани ҳаёти маънавӣ ва рафтори башарӣ, вобаста аз мавқеи ҷойгиршавии гурӯҳи одамон, урфу одат, касбу ҳунар ва дигар хислатҳои этникию иҷтимоии онҳо қабул намуд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин маданият ба маданияти умумимиллӣ куллан зид буда, дар муборизаи оштинопазир қарор доранд.
Қобили қайд аст, ки фарқияти нишонаҳои маданияти иҷтимоии гурӯҳи одамон аз ҳаракатҳои ҳаррӯзаи ҳаётии онҳо, рафтор, гуфтор ва тарзи либосу хӯрок ва ғ. ҳувайдост. Ҳамин нуқта барои менеҷменти ташкилот мураккабӣ ва мушкилиро ба миён овардааст, ки дар менеҷменти гуногунхалқӣ ва гуногунмиллии муосир барҷаста ба назар мерасад. Бинобар ин, менеҷментро зарур аст, ки системаи арзишҳои мадании корпоративии хӯшро кор карда барояд, ки ба қонуниятҳо ва маданияти миллӣ зид набошанд.
Инчунин, мураккабӣ ва зиддияти асосӣ боз дар мавҷудияти тақсимоти сохтории аҳолӣ ва шароити иҷтимоии онҳо мебошад. Масалан, агар маданияти менеҷмент барои мардуми шаҳр ва синфи коргар дуруст ояд, барои мардуми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё