Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кӯшиш бояд намояд. Меҳрубонӣ ва дӯстдорӣ низ яке аз хислатҳои наҷиби Худованд буда, барои бандагоне, ки дар роҳи ҳақиқат қарор доранд, хеле дӯстдору меҳрубонанд.

Дар таълимоти ислом гуфта мешавад, ки инсоният дар ин дунё бо мақсади муайяне ҳаст карда шудааст. Ҳасткунанда барояш роҳнамоеро додааст ва мувофиқ ба он амал намудан худошиносӣ буда, берун аз он бехудой ва гуноҳкорист.

Инчунин, қайд карда мешавад, ки зиндагонии одам баъди мурдан давом дорад, яъне агар тарафи модии он анҷом ёбад, тарафи маънавии он боқӣ мемонад ва рӯзи қиёмат ҳама аз нав бархоста, дар назди Худованд ҷавоб гуфта, баъдан ҷои аслии худро дар биҳишт ва ё дӯзах мегиранд ва зиндагии абадӣ шурӯъ мешавад. (22:56.). Мусулмони ҳақиқӣ бе чунин боварӣ мусулмон шуда наметавонад. (Сураи Ҳаҷ.)

Дар роҳбарӣ низ ин талабот бояд мавҷуд бошад, ки ҳаёти роҳбарии модии ӯ муваққатӣ буда, роҳбарии маънавиаш ҳазорсолаҳо зинда монда, ӯро дар ҳарду сарой мададгор хоҳад шуд. Албатта, оиди дарки ин масоил ва расидан ба он мо аз гуфтор ва суханони донишмандони тоҷик дар қисмҳои пешинаи китобамон далелҳои зиёде овардаем.

Ҳар яки мо се сарчашмаи пайдо кардани имкони дарки неку бад, ҳақиқату ноҳақро дорем. Дарки зеҳнӣ, дарки рӯҳӣ ва эҳсосотӣ, ки дар дили чун оина софи ҳар як бандаи мӯъмин метавонад пайдо гардад. Ҳидояткунандаи асосӣ боз худ Худованди бузургу меҳрубонанд, чунки вақте мо зинаи муайяни фаҳмишро ноил мегардем, дарк мекунем, ки донишу фаҳмиши мо барои аз бар намудани пурраи арзишҳо нокифоя мебошад. Ё ҳолатҳоеро дар зиндагонию роҳбарӣ вомехӯрем, ки қобилияти зеҳнию эҳсосотӣ ва ҳатто таҷрибаи рӯзгор моро кӯмак карда наметавонад.

Маҳз, дар чунин ҳолатҳо истифода аз ҳидояти китоби Қуръон ва ҳадисҳои Расули Худо (с) мададгору дастгири роҳбар хоҳад гашт. Аз ин хотир, боварӣ доштан ба ин китоби муқаддас ва Расули Худованд (с) низ, роҳи ҳақиқатпарастӣ буда, моро аз торикӣ ба равшанӣ ҳидоят менамоянд. (12:109.). Бояд гуфт, ки панҷ ҳидояти бузурги ислом, шинохтани Худои яккаву ягона ва пайғомбари ӯ Муҳаммад (с), додани закоти мол, дастгирии дармондагон, тозагии

пешина
аз 463
навбатӣ