Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ва ҳадисҳои пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст ва мо бахше аз онҳоро дар китоби 4-уми хеш овардаем.
Мисол, ҳақиқатпарастӣ нишонаи олии хештаншиносии роҳбарӣ буда, аз талаботи асосии шахсияти мусулмон ҳисоб меёбад ва расидан ба он хеле меҳнатталаб аст. Ривоят мекунанд, ки дар замони худ танҳо Абу Бакри Сиддиқ (с) ба ин мартаба расида будаасту халос.
Боварӣ, пойдевори исломшиносӣ буда, маҳз тавассути он инсон ба дарки ақлонии дин мерасад. Аз ин хотир, дар роҳбарӣ низ ин нуқта хеле муҳим буда, дар лаҳза ва дар ҳолатҳои гуногуни муҳиму мушкили роҳбарӣ шарти зарурӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, боварии қалбиро пайдо кардани роҳбар фақат дар асоси боварӣ ба Худованди пок, ба пайғамбарону навиштаҷотҳои Қуръон ба вуҷуд меояду мусулмони ҳақиқӣ дар кори ҳақиқату ростӣ тарсу ҳарос ва дудилагӣ надорад.
Боварӣ ба Худо ин боварӣ ба мавҷудияти он, яккаву ягонагӣ, созандаю бахшояндагӣ ва дигар хусусияти бузургиашон буда, аз ҳама муҳим бо ҳамон қадар бузургии созандагиашон доимӣ ва тағйирнопазирии онҳо устувор мебошад. Ин фаҳмиш барои зинаҳои гуногуни роҳбарӣ хеле зарур буда, роҳбари хештаншинос бояд ин хислатро сармашқи рафтори хеш намояд. Новобаста аз муваффақиятҳо, ҳокимияту сарвату моли бадастоварда, аз худ наравад ва аз меъёрҳои рафтори роҳбарӣ берун набарояд. Устуворӣ, пешвоӣ, созандагӣ, хирадмандӣ, адолатпарастӣ, ҳақиқатпарастӣ, ягонагии ақидавӣ ва бахшояндагиро сармашқи кори роҳбарӣ қарор диҳад. Ҳамаи ин рафторҳоро мо ба хотири наздик шудан ба Худованди пок ва дар роҳи ӯ бубахшем, дар ҳақиқат ба зинаи хештаншиносии роҳбарӣ хоҳем расид. Пас, боварии қавӣ дар ин роҳи Ҳақ моро давоми солҳо нигоҳ дошта метавонад.
Асоси фалсафии «боварӣ» низ дар ягонагии фаҳмишу рафтор буда, каме каҷравӣ бовариро коста мегардонад, ки дар натиҷа, ҳадафи олиро дарёфта наметавонед. Навиштаҷоти мукаммали китоби муқаддаси Қуръон мавҷудият, ягонагии Худованд ва боварӣ ба онро мутлақо муайян сохта, (37:35) ҳатто барои хонандаи оддӣ ба таври хеле содда баён гардидааст.
Мисол, донишмандӣ хислати бузурги Худованди буда, ӯ ҳама чизро медонад ва мешунавад. Пас, роҳбар низ дар ба даст овардани дониш пайваста

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё