Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мебошад. Дар ин нуқта низ Худованд инсонро ба он ҳидоят мекунад, ки ӯ дар байни ҷомеа бошад, онро бо роҳи нек ҳидоят намояд ва худ дар ин кори хайр пешво гардад. Пас, Худованд ва дин имкон медиҳанд, ки инсон ҳамчун қисми таркибии ҷомеа соҳиби касбу дониш шуда, роҳи хубро интихоб карда тавонад, ки номи неки ӯ ҳазорсолаҳо боз ба мардум манфиат биораду зинда монад. Ӯ дар интихоби роҳи зиндагонии дунявӣ озод аст. Худованд ӯро соҳиби ақл гардонидааст, ки худаш дарк карда мустақилона роҳи дурустро интихоб намояд. Чунин раванд дар рафтори худшиносии роҳбарӣ дар менеджмент бояд мушоҳида карда шавад, яъне роҳи дурусти интихоби фаъолият ва мақсадро муайян сохта, кормандонро дар амалӣ кардани қобилияти худ дар мавқеи озоди демократӣ мегузоред. Пас, ӯ бо қувваву дониши худ навоварӣ ва ихтирооту эҷодкорӣ карда, аз иҷрои мақсадҳо сарбаландона мебарояд. Агар озодии амалигардонии қобилиятро таъмин насозед, он гоҳ ба мақсадҳои олии хеш расида наметавонед.

  1. Раванди сеюм риояи қонуниятҳои шариат дар ҳама ҳолатҳо ва мавқеъ мебошад, яъне мусулмони ҳақиқӣ бо такя ба Худо ин равандро дар дили худ ҷой карда, дар ҳама ҳолат рафтори дурустро, ки Худованд бо дини бузурги худ онро роҳнамоӣ месозад, иҷро менамояд. Аз ин хотир, мусулмони ҳақиқӣ бовариро ба Худо вазифаи муқаддаси худ ва муқаддаси ҷомеае, ки ӯ роҳбар аст ва ё дар он ҷо иштирок дорад, шуморида, ҷомеаро ба ин роҳи ҳақ ҳидоят бояд намояд. Барои роҳбари хештаншинос низ ин раванд бояд яке аз равандҳои асосии фаъолият қарор гирифта, ӯ дар ҳама ҳолат дар ақидаи худ устувор буда, пиндору гуфтору кораш бо ҳам бояд мувофиқат ва мардумро ба роҳи рост равона сохта, худ дар сафи пеш бошад. Инчунин, бояд таъкид намоем, ки роҳбари хештаншинос ин рафтори покро дар кадом нуқтае ки набошад, риоя намуда, боварии ҷомеаро аз худ дур насозад, чунонки дар Сураи Бақара (160) омадааст: «Магар онҳое, ки тавба карданд ва накукорӣ пеш гирифтанд ва баён карданд (ба мардум ҳақиқатро) пас ин гурӯҳанд, ки тавбаи онҳоро қабул фармоям ва манам қабулкунандаи тавба, ниҳоят меҳрубон.
пешина
аз 463
навбатӣ