Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Раванди меҳнатии ислом. Мусулмони ҳақиқӣ барои ба ҷой овардани закоти мол ва дастгирии бенавоён бояд меҳнат карда, бо меҳнати ҳалол мол ба даст оварда, бо супоридани закот адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин созад. Дар ҳақиқат яке аз равандҳои асосии хештаншиносии менеҷмент низ ташкили меҳнати самараноки моли тозаю эҷодӣ ва ба талабот ҷавобгӯй ва аз ҳама гуна фиребу найранг дур мебошад. Чуннончӣ дар сураи Қуръон (2:172) омадааст: «Эй мӯъминон, бихӯред аз ҳалолу покизагиҳо, он чӣ ризқу рӯзӣ додем Шуморо ва шукри сипос гӯед Худоро, агар ӯро мепарастед». Роҳбари хештаншинос доимо самаранокии меҳнатро дар менеҷмент ташкил намуда, намегузорад, ки кормандон бекор бошанд ва ё воситаҳои истеҳсолӣ баҳри истеҳсоли мол истифода нашуда, дар натиҷа аз ӯҳдаи роҳбарӣ баромада натавонад. Агар роҳбар мол истеҳсол накунад, андоз аз истифодабарии захираҳои истеҳсолӣ ва қувваи меҳнатиро супорида натавониста, ношукрӣ аз ин неъмати худодод карда, ба азоби сахт гирифтор ва оқибат аз неъмати худододӣ - роҳбарӣ дур мегардад.
-
Раванди дигари концептуалии ислом ташкили ҷомеавии намозгузорӣ ва саҷда овардан ба Худованд дар масҷидҳо мебошад. Савоби намозгузории ҷомеаро чандин зина боло гузоштаанд, нисбат ба намозгузории алоҳидаи мусулмонон. Дар ҳақиқат, ҷомеаро ба роҳи ҳақ ва иҷрои вазифаи муқаддас даъват намудан, барои ҳар як мусулмон қарз аст. Ин нукта низ барои роҳбари хештаншинос хеле нишони бузурги иҷтимоӣ буда, бевосита дар тарбияи коллективи менеҷмент бояд пурра арзёбӣ гардад. Дар сураи Бақара омадааст: «Кист ситамгору золимтар аз касе, ки манъ кард масҷидҳои Худоро аз он ки ёд карда шавад номи Худо дар он...», яъне роҳбари хештаншинос бояд доимо кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ҳар як аъзои коллектив меъёр ва талаботҳои волои хештаншиносиро амалӣ гардонида, дар роҳбарии коллектив пурра якҷоя иштирок намоянд. Дар мавзӯи гузашта мо онро ташкили маданияти корпоративии корхона шуморида, таъкид карда будем, ки таъсиси маданияти пешқадами корпоративӣ дар менеҷмент, яке аз вазифаҳои муҳими роҳбари хештаншинос ба ҳисоб меравад. Бартарияти ҷамъиятӣ будани арзишҳоро дини ислом мепарастад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё