Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳавасманд намуда, маҳдудияти ин фаъолиятро ҳеҷ гоҳ намегузорад. Додани андоз барои таъмини адолати иҷтимоии ҷомеа шарти зарурии фаъолияти иқтисодии як фарди мусулмон буда, ба ҷо овардани он риояи қонуни шариат мебошад. Дар ин нуқта низ назари роҳбари хештаншинос мувофиқ буда, ӯ бояд дар навбати аввал ҳамаи андозҳои муайянкардаи давлатиро супорида, баъд аз он кору фаъолияти хешро таъмин созад. Инчунин, ҳақиқатпарастию покизагӣ дар ҳар як фаъолияти фурӯши мол дар ислом таъкид карда мешавад.
Чуноне дар Сураи Бақара (2:42:43) омадааст: «Ва якҷо макунед ростро бо норост (яъне ҳақро ба ботил) ва пинҳон макунед ҳақро дидаву дониста (42). Ва барпо доред намозро ва бидиҳед закотро ва намоз гузоред бо намозгузорандагон (43). Яъне дар сифати мол, тарозую миқдору хислати мол бояд ҳалолкорию дурустӣ ҳама вақт нигоҳ дошта шавад. Чунин талабот дар менеҷменти муосир пурра дида мешавад. Сарфаю сариштакорӣ асоси кори роҳбарӣ буда, хароҷоти зиёдатӣ ҳамчун беэҳтиромӣ ба неъмати Худованд арзёбӣ карда мешавад. Моли истеҳсол кардашудаи корхона бояд камхарҷу босифат ва арзон буда, талаботи одамонро қонеъ намуда, ба касе зарар наоварад.

54.4. Назарияи илмии ислом ба ҳодисаҳо ва ҳолатҳои
роҳбарӣ

Хонандаи азиз, дар ин мавзӯи китобамон мо кӯшиш менамоем, ки оид ба баъзе аз назарияҳои илмии дини ислом, ки ба бахшҳои менеҷмент пайвастагӣ доранд, андешаронӣ намоем. Боз як маротибаи дигар таъкид бар он дорем, ки ин фақат диди мост ба назарияи илмии ислом ва мақсад аз овардани ин мавзӯъ бояд қувват бахшидан ба донишҳои маънавии шогирдону роҳбарони оянда ва истифодабарии ин ганҷинаи бебаҳо барои рушду равнақи роҳбарист, на ташвиқоти динӣ ва ё дигар ғаразҳои сиёсӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ