Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Чуноне ки дар Сураи «Нӯҳ» (71:15:16) - и китоби муқаддаси Қуръон омадааст: «Оё намебинед, ки чӣ гуна офарид худ ҳафт осмонро болои ҳам ва сохт Моҳро дар миёни (ин қабатҳои осмонӣ) фурӯзону нурафканӣ ва сохт Офтобро чароғи тобон». Мувофиқи ақидаи ситорашиносон дар ҳақиқат дар олами коинот зиёда аз 100 миллиард галактика ва дар ҳар яке аз онҳо боз 100 миллиард ситораҳо ва боз ҳамин қадар сайёраҳо мавҷуданд, ки ҳама чархзананда мебошанд ва яке ба дигаре на халал, балки бо мавҷудияташон кӯмак мерасонанд. Ва илми замона ба хулосае омадааст, ки ин ҳама дар асоси нақшаю низом ва ақидаи бузурги Илоҳӣ барои таъмини шароити зиндагонӣ дар олам офарида шудааст. Ва дар Ояти 25:2 Сураи «Фурқон» омадааст, ки «Пас ба андозаву ченаки муайян, андоза карда он чизро». Яъне барои таъмини ҳаракати ин ҷирмҳо як қонунияти илоҳии мувофиқа ва андозаю масоҳати муайяне вуҷуд дорад. Эҳтимоляти чунин даврзанӣ барои ақли одамӣ дастнорас ҳаракат менамоянд ва «мувозинати олитарини ҳаракат» - ро барои тамоми ҳафт қабати Замину Осмон муҳайё сохтаанд, ки ҳеҷ имкони тасодуфан пайдошавиро надоранд. Ҳатто фақат мавҷуд будани азотро дар атмосфера гирем, мабодо як заррае дигар шавад, он гоҳ дар олам мавҷудоти зинда намемонад. Бинобар ин, дар Сураи «Оли Имрон», (3) менависанд: «Он чизе ки дар Замину Осмон аст, ба Худованд тааллуқ дошта ва боз ба Худованд бармегарданд. Фақат Худованд ҳокими мутлақи Замину Осмон аст». Пас, мебояд мо ҳамчун роҳбари хештаннос диққатро бар он диҳем, ки доимо дар муҳити мо як қонуни Илоҳии «мувозинати олитарини ҳаракат» мавҷуд аст ва мо бояд ҳаракатҳои худро дар мувофиқа бар он амалӣ намоем. Ин нуқтаро мо дар мавзӯъҳои гузашта, ҳамчун «каҷхатаи ҳаётии роҳбар» таъкид карда будем, ки новобаста аз хоҳиш ӯро ба ҳаракат тела медиҳанд ва ӯ бояд дар кадом пуқта қарор доштани худро ёфта гирад. Аз дигар тараф, хуб мебуд, ки ин қонуниятро дар ҳама фаъолиятҳои роҳбарии хеш самаранок истифода карда, «рушди босубот» - ро пайваста таъмин намоянд.
Дар китоби Қуръон як назарияи бузурги илмии ҳаракати Офтобу Маҳтоб
ҳанӯз 1400 сол пеш нишон дода шуда буд: «Уст зоте, ки офарид Шабу Рӯз ва
Офтобу Моҳро, ҳар яке аз ситорагон дар Осмон (яъне тамоми ҷирмҳои осмонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё