Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

камтар ба бемории сактаи дил гирифтор мегарданд, нисбат ба одамоне, ки боварӣ ба Худованд надоранд. Инчунин, қавииродагии мардуми рӯҳонӣ чандин карат аз мардуми ғайрирӯҳонӣ баланд буда, онҳо аслан умри дароз мебинанд.
Дар Сураи «Раъд», 13:28.) омадааст: «Огоҳ шав (бидон), ки ба зикру ёди Худо ором меёбанд дилҳо». Аз тарафи дигар, имрӯз аксари олимону табибони дунё пурра ба хулосае омадаанд, ки аксари беморӣ аз асаби одам пайдо мегардад. Бинобар ин, табобати рӯҳии ғайримоддӣ самараноктар аст аз табобати моддӣ ва ё ба воситаи дору.

Бояд гуфт, ки хислатҳои хоси дар боло зикргардида, барои роҳбаре, ки аксар маврид бо таваккали баланди соҳибкорӣ кору фаъолият менамояд, хеле зарур буда, ҳолати рӯҳии мустаҳкам талаб карда мешавад, яъне мустаҳкамии рӯҳии роҳбариро аз дили содиқ ба Худованд метавон, пайдо кард. Аз тарафи дигар, ин як оромии рӯҳии роҳбар мебошад.

Вобаста аз ин, дар роҳбарӣ аксар маврид хатоҳо ва саҳланвориҳои зиёде эҳтимоли ба миён омадан доранд, ки Шумо ҳамчун сарвар маҷбур ҳастед, ки гузашт ва бахшиш намоед. Маҳз, чунин таълимоти бузурги «Бахшояндагӣ ва меҳрубонӣ» дар дини ислом амал карда, барои ҳар як мусулмон ин хислат шарти асосӣ ҳисобида шуда, қариб дар ҳар як Ояти Қуръон оиди «Бахшояндагӣ ва меҳрубонии Худованд» таъкид карда мешавад. Мисол, дар Сураи «Оли Имрон», 3:134, оиди шахсияти мусулмонон таъкид карда мешавад: «Онҳо аз ҷумлаи шахсоне ҳастанд, ки кина дар дил надоранд ва одамонро мебахшанд».
Нуктаи дигарро низ бояд таъкид сохт, ки дар бахшиши мусумонон гуноҳи кабира ва сағира ҷудо карда намешавад.

Ин нуктаи илмии рафтори роҳбариро аксари рӯҳшиносони дунё қабул дониста таъкид менамоянд, ки «Бахшиш кардан ин шакли таҷрибашуда ва самараноки табобати бемор ва таъмини хушбахтии одамон мебошад». Аз тарафи дигар, кинае, ки дар дил нисбати шахсе ва ё фаъолияте дошта бошед, Шуморо аз ҳолати оромӣ бароварда, оқибат ба бемории шадиди асаб гирифтор намуда, ноустуворӣ ҷисму ҷонатонро ба вуҷуд меорад.

Оиди бадбахтиҳо ва кинаю адоват дар қисми 3 — 4-уми китобамон аз
номи муттафаккирони бузурги миллати тоҷик мисолҳои биёду пораҳо аз

пешина
аз 463
навбатӣ