Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
киштиҳои кайҳонӣ қабати озонии атмосфериро, ки дар баландии 25 - 60 км ҷойгир аст, хароб карда, сӯрохиҳоро ба вуҷуд овардаанд, ки сабаби зиёдшавии нурҳои рентгенӣ дар замин гашта, мардумро ба ҳар гуна бемориҳои дилу асаб гирифтор намудаанд.
Ҳафт қабат будани таркиби Заминро олимон агар дар асри XX исбот карда бошанд, пас дар Қуръони маҷиди ин нуқта дар Сураи «Талоқ» 65:12) омадааст: Худованд - он, ки ҳафт қабати осмон ва замин қадар қабати Замин офарид, ки ин назарияи илмиро аллакай дар тамоми дунё қабул донистаанд. То яқин бидонед, ки Худо ба ҳама чиз қодир аст ва низ бидонед, ки илми Худо иҳотакунандаи тамоми ашёст.
Дар ҳақиқат, мувофиқи ақидаи хокшиносон қабатҳои фарқкунандаи Замин мавҷуд аст. Ҳар як қабати замин хусусиятҳо ва функцияҳои махсуси худро дошта, мувозинати онро нигоҳ медорад. Ва ҳатто дар Қуръон боз ба кушодашавӣ (яъне заминҷунзию кафиши Замин ва ба вуҷуд омадани вулкан) таъкид карда мешавад дар Сураи «Ториқ», 86:11:12. «Қасам ба Осмон, ки соҳиби борон аст ва қасам ба Замини чархзананда, ки соҳиби шилофтан аст».
Барои роҳбарон ҳангоми банақшагирии корҳои азими сохтмонии биноҳо, обанборҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои обӣ ва ғ. ин хусусияти хоси замин ҳатман бояд ба инобат гирифта шавад. Аз тарафи дигар, нисбӣ будани ҳисоби вақт, вобаста аз ҳаракати моҳтобу офтоб ва шабу рӯз мебошад, аммо аз рӯи ақидаи олими бузурги немис А.Эйнштейн, вақт вобаста аз ҳолати физикии ҷисмҳо ва суръати ҳаракати онҳо метавонад тағйир ёбад. Чунончӣ дар Сураи «Бақара» (2) омадааст: «Дар ҳақиқат як рӯзи назди Худованди худ баробари ҳазорсолаҳоест, ки шумо дар Замин ҳисоб мебаред.
Нуқтаи дигари илмии Ислом оид ба тақсимшаванда будани атом низ ҷолиби диққат мебошад. Бояд гуфт, ки вақте файласуф Демокрит тақсимнашаванда будани атомро исбот намуд, оламиён чандин садсолаҳо ба он бовар карданд. Ва фақат дар солҳои охир оламиён эътироф карданд, ки атом низ аз ҳиссачаҳои тақсимшаванда иборат аст (Сураи «Сабо», 34:2.).
Нуқтаи дигари илмии Ислом оид ба таъсири баланди рӯҳии дин ба
саломатии инсоният мебошад. Солҳои охир аксари олимону табибони дунё
чунин мешуморанд, ки шахсони ба Худо боваридошта қариб ду маротиба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё