Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
менеҷмент ба дасти дигар корманд мегузарад, ёвандагии одаткунонӣ заиф мегардад. Ҳатто метавонад системаи пешинаро барҳам дода, хоҳиши системаи иқтисодии нав намояд, ки дар натиҷа аксари кормандони донишманди одаткардаи пешина менеҷментро тарк гуфта, дигар хоҳиши дар ин корхона кор кардан намекунанд.
Ҷараёни одаткунонии механизми иқтисодии менеҷмент тағйироти мақсадноки инкишофи башарӣ буда, қоида, усул, сохтор, функцияҳои вазифавии менеҷмент дигаргун карда мешаванд, ки аксар маврид ба муҳити беруна, байналхалқӣ ва инкишофи шадиди илмию техникӣ ва умуман, аз хештаншиносии худӣ роҳбар вобастагии калон дорад. Дар одаткунонӣ ба тағйироти муҳити беруна ҳолати бозор ва зинаи инкишофи мол, сари вақт пешгирӣ кардани ҳолати буҳронӣ ва нигоҳдории пешсафии корхона бояд вазифаи асосии механизми иқтисодии инкишофи менеҷмент қарор гирад. Барои иҷрои ин вазифаҳои муҳим ҷараён бояд хислати тараққихоҳона гирад, яъне доимо хислати гузариш аз ҳолати пастӣ ба баландиро нишонагирӣ дошта бошад.
Хислати фарқкунандаи ин механизм пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки асосан, ба фаъолгардонии иқтидори захираҳои дохилаи менеҷмент ва фаъолгардонии қобилияти зеҳнии кормандон такя карда мешавад. Инкишофе, ки дар асоси навоварӣ ва ихтироот ба вуҷуд меояд ва аввалин аст, то замони пурра ба дигар ташкилоту корхонаҳо паҳн гаштан самараи калон дода, пешсафии корхонаро нигоҳ медорад. Аз тарафи дигар, боз дорои захираи васеи вақт мебошад, ки имкони одаткунонии васеъро пайдо намуда, пешсафии моли корхонаро дар бозор нигоҳ медорад.
Новобаста ба он, ки нақшаҳои корхона доимо иҷро ва мақсадҳои гузошташуда амалӣ мегарданд, вазифаи механизми иқтисодии менеҷмент ҷустуҷӯи захираҳои дохилаи иқтидори кормандон буда, онҳоро набояд пинҳон дорад, чунки вақте ба хотири иҷрои нақша сари роҳи қобилиятро мегиред, ин аллакай таназзули корхона буда, баъди 2 — 3 соли оянда ба чашм маълум мегардад, ки хеле дер мешавад. Бинобар ин, вазифаи асосии менеҷмент, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани захираи зеҳнию эҷодии дохилаи корхона мебошад.
Барои одаткунонии чунин механизми функционалии ташкилии менеҷмент зарур аст, ки қоидаи умумии забони муошират ва пешниҳоди кашфиётҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё