Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ихтирооту вуҷудкуриҳо, тартиботи доду гирифт, банақшагирӣ ва иҷрои фаъолияти дутарафа ҷорӣ гардад. Инчунин, ба роҳ мондани боз якчанд қоидаи дигари мадании менеҷмент, ки ба он вобастагӣ дорад, мувофиқи мақсад мебошад.

Махсусан, диққатро бештар ба сармояе бояд равона кард, ки барои амалӣ гардонидани қоидаҳо ва самараи бадастомада зарур буда, аз ҳар ду тараф ин талаботҳои худро доранд. Аз як тараф, агар сармояи аввалини менеҷмент бошад, аз тарафи дигар дар сармояи бадастомада муаллиф ҳаққи худро дорад.
Менеҷмент метавонад қисме аз онро барои ҳавасмандкунӣ ва умуман, нигоҳдории иқтидори зеҳнӣ дар шакли саҳмияҳо ба ин кормандон мукофот диҳад. Мо дар маҷмӯъ ҷонибдори чунин системаи одаткуноине мебошем, ки ҳар якеро маҷбур созад то уҳдадориҳои худро иҷро намоянд ва бо ин роҳбарии самараноки ҷараёнро амалӣ гардонем. Он гоҳ системаи бузурги ояндабинии корхона пайдо гашта, ҳар як корманд масъулияти баланд ҳис менамояд ва пайваста дар ҷустуҷӯи ихтирооту кашфиёт ва ташаккули хештаншиносӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки чунин система дар менеҷменти ҷаҳонӣ, дар аввали солҳои 80 — уми асри гузашта пайдо гашта буд ва менеҷменте, ки ин системаро ташаккул дода ҷорӣ намудааст, имрӯз корпорасияҳои бузурги байналхалқиро ташкил карда, дар сафи пеш ва маданияти баланди системаи иқтисодиро соҳиб мебошад.

Манфиати дигари ташкилию роҳбарии система дар он аст, ки нишонагирӣ ба иқтидори зеҳнӣ имкон медиҳад, ки оҳиста - оҳиста аз муҳити нодонию ғайрикасбӣ халос шавем. Яъне ба ин васила, корманде, ки ба ин система ҷавоб гуфта наметавонаду саводи кофии касбӣ надорад, нодаркор шуда, корхонаро худаш тарк менамояд.

Аввали ҳазорсолаи сеюм менеҷменти муосир ба дастовардҳое ноил гаштааст, ки идоракунии инкишофро дар асоси худинкишофдиҳӣ қарор додааст.
Ҳар як менеҷмент сохтори ояндадори болоравиро аз рӯи нақшаҳои дохилии корхона ба роҳ монда, роҳи ҳаракати кормандонро вобаста аз инкишоф ҷорӣ кардааст. Барои менеҷмент системаи умумии ҳаракат ташкил кардаанд, ки тамоми кормандонро дар бар гирифта, касе аз он бенасиб нест ва ба беадолатии фардии роҳбарӣ роҳ дода намешавад. Ин система имрӯзҳо дар менеҷмент хеле самаранок фаъолият дошта, манфиати калон ба даст овардааст. Системан

пешина
аз 463
навбатӣ