Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
арзишҳое, ки имрӯз ба менеҷменти муосир хос аст, асосан, аз рӯи қоидаи умумии «Боварӣ» ба роҳ монда шуда, худинкишофёбиро пурра таъмин сохтааст.
Рӯҳшиносон исбот намудаанд, ки вақте ба роҳбари хештаншинос бовар карда, оводни фаъолияти роҳбарӣ ҷорӣ месозем, манфиатнокии қувваи ӯ нисбат ба оне, ки ӯро дар чорчӯбаи меъёрҳо нигоҳ медорем, садҳо маротиба зиёд мегардад.
Барои менеҷменти муосири тоҷик, ки пас аз солҳои тӯлонии ҳукмронии системаи Шӯравӣ ба майдон омадааст, вазъият каме мураккабтар буда, мутобиқшавӣ бояд дар асоси асосноккунии илмӣ, маълумотнокӣ, технологӣ ва ташкилӣ амалӣ гардад. Барои мо имрӯзҳо зарур мебошад, ки асосҳои назариявии маданияти менеҷменти муосир ва ташаккули онро кор карда, талаботҳоро муайян сохта, маълумотнокии роҳбаронро баланд бардорем. Пас, бевосита, мутобиқкунонии қонунҳо, қарорҳою фармонҳо ва дастурамалҳоро вобаста аз талаботи инкишофёбии менеҷмент ҷорӣ намуд. Замоне фаро расидааст, ки мо бояд ав аз системаи одаткардаи Шӯравӣ даст кашида, ба системаи ташаккули менеҷменти муосири тоҷик, ки инкишофро таъмин месозад, одат карда коллективи соҳибкорон ва ё кордонро дар менеҷмент ҷамъ орем. Имрӯз роҳбар бояд мақоми «Роҳбар-соҳибкасб»-ро гирифта, соҳибкорони камсаводро, дар роҳбарин менеҷмент ба эҷодкорону олимони касбии дорои қобилияти баланди фикрронӣ иваз намояд. Ин гуна роҳбарон фикрронии стратегии баланд дошта, захираҳои сармоявии зеҳнии дохилаи менеҷментро пурра ёфта гирифта, онро бевосита барои инкишофи касбии он сарф менамоянд. Ин, албатта, вазифан роҳбарин дохилаи менеҷмент буда, муҳити беруна ӯро бояд халалдор насозад. Интихоби мутахассисон ва ҷо ба ҷогузории онҳо бояд бевосита аз рӯи системаи инкишофи менеҷмент ташкил карда шуда, даҳолати беруна қатъиян манъ бошад. Дар он ҳолат «Роҳбар — соҳибкасб» ва боз он шахсоне, ки дар навбат мебошанд, як рӯҳияи боварии болоравӣ пайдо карда, кору фаъолият менамоянд. Менеҷмент, акнун, хислати касбнокӣ гирифта, ба маркази шахсиятҳои кордон табдил ёфта, аз тарафи коллектив боварии калон пайдо менамояд. Ҳамин тариқ, менеҷменти соҳиби чунин системаи инкишофёбандаи иқтисодӣ доштаро метавон «Соҳибмулк» ва ё «Сарварон» номид, яъне онҳо дар ҳақиқат коллективи кормандони хешро соҳибию сарварӣ карда метавонанд ва худ маркази инкишофи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё