Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
талаботҳояш қонеъ гардонида шаванд. Онҳо дар якчанд донишгоҳҳову муассисаҳо кору фаъолият менамоянд ва қисме новобаста аз он, ки дар соҳаи худ олимону мутахассисони беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мебошанд, аллакай пурра донишгоҳро тарк гуфта берун аз ҷумҳурӣ рафтаанд. Дар натиҷа, имрӯзҳо Донишгоҳи миллӣ обрӯю нуфузи баланди худро аз даст дода, системаи мустаҳками менеҷменти инноватсиониро то ҳанӯз пайдо накардааст. Қоидаву рафтори роҳбарӣ вобаста ба ивазшавии ректорон тағйир ёфта, донишгоҳ имрӯз наметавонад монанди Донишгоҳи давлатии Москва ва ё дигар донишгоҳҳои пешқадами дунё, ҳамчун маркази афзоишёбандаи инкишофи менеҷменти инноватсионии соҳаи маориф, ҳатто дар дохили Тоҷикистон баромад намояд. Баръакс, пешвоиро аллакай донишгоҳҳое гирифтанд, ки менеҷменти нисбатан хеле ҷавон дошта, бо истифодаи самараноқ аз сармояи зеҳнии профессору олимони худ ҷараёни инноватсиониро ташкил ва ҳавасмандии инкишофи маънавии кормандонро таъмин намуда истодаанд, ки ин дар навбати худ инкишофи устувори менеҷмент дар замони инкишофи иқтисоди бозорӣ мебошад. Ба ин гуна донишгоҳҳои пешқадам Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мисол шуда метавонанд.
Пас, маълум мегардад, ки барои ташкили устувории системаи инкишофи корхона ва соҳиб гаштани муваффақиятҳои пешвой, менеҷмент бояд пайваста дар андешаи инкишофи фардии кормандон буда, системаи либералии сармоявии инноватсиониро ба таври мукаммал ҷорӣ созад. Ба рафтани иқтидори ақлонӣ аз донишгоҳ роҳ надода, ташкили системаи баланди сармояи зеҳниро яке аз вазифаи аввалиндараҷаи системаи ташкилии кори худ ҳисоб намояд. Барои намуна метавонанд таҷрибаи баланди менеҷменти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ва дигар донишгоҳҳои дунёро омӯзанд.
Дар системаи сармоявии инкишофи инноватсионӣ ва зеҳнӣ мақоми муҳимро системаи технологӣ ва ташкилии инноватсионӣ мебозанд. Шароити инкишофи системаи технологӣ ва ташкилии инноватсионии менеҷмент пайваста ривоҷу равнақ додани технологияи ахборӣ, истеҳсолӣ, идоракунӣ ва шакли ташкилии идоравие мебозанд, ки бо техникаву технологияи замонавӣ таҷҳизонида шуда, баҳри ҳавасмандии иқтисодӣ ва мотивасияи навоварӣ равона гардидааст. Аз дигар тараф, ин системаро «муҳити инноватсионӣ» низ номидан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё