Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Таҷрибаи менеҷменти мамолики тараққӣкардаи дунё гувоҳи он аст, ки имрӯз омили асосии рушди устувори иқтисодии корхона ва ташаккули роҳбарӣ ташкили системаи самараноки инноватсионии зеҳнии илму техника дар саноат мебошад. Дар баробари ин, давлат низ бо роҳи дастгирии молиявии соҳибкории хурду миёна ва барориши як қатор қонуну қарорҳои зиддимонополӣ ва имтиёзноки соҳибкорӣ ин системаро пурзӯр намуда, молиягузории онро қисман таъмин месозад. Ба ақидаи коршиносону мутахассисони бахши менеҷмент ва маркетинг рушди босуботи ин системаро ҳамон вақт метавон таъминкунанда ҳисобид, ки агар ҳиссаи моли инноватсионӣ соле на камтар аз 25 - 30%-ро ташкил намояд. Ин нишонаро илмҷунҷоиши истеҳсолот низ меноманд.
Мутаассифона, илмгунҷоиши истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле паст буда, тақрибан 1 - 1,5% - ро ташкил мекунад, ки ин рушди босуботи мамлакатро таъмин карда наметавонад.

Аз ин хотир, сабаби дигари ташкили системаи сармоявии инноватсионӣ дар менеҷмент таъмини илмгунҷоиши истеҳсолот мебошад, ки мо дар боби гузаштаи китобамон оид ба паҳлӯҳои мадании ин омил пурра гуфта гузаштем. Ин, бевосита қобилияти баланди корӣ доштани кормандон ва хештаншиносии роҳбариро талаб менамояд.

Бо сабаби паст будани сатҳи иқтисодию маънавии менеҷменти корхонаҳои Тоҷикистон хуб мебуд, ки мо системаи миллии сармояи инноватсиониро қабул карда, онро қисман бо дастгирии давлат ва қисман бо дастгирии соҳибкорону олимону донишмандон ва кӯмакҳои беғаразона созмон диҳем. Ташкили чунин система метавонад ҳавасмандии кормандон ва менеҷментро барои ҷорӣ амалӣ кардани системаи сармояи инноватсионӣ пурра таъмин созад. Ин системаи миллӣ боз зерсистемаҳои худро, ки дар корхонаҳо ташкил карда мешаванд, дошта, онҳо метавонанд, барои такрористеҳсол, нигоҳдорӣ ва амалӣ гардондани моликияти зеҳнии миллӣ саҳмгузор бошанд.

Қобили зикр аст, ки ташкили чунин системаи пуриқтидори миллӣ ду ҳолатро ба майдон меорад:

  1. Пайдоиши моликияти нави зеҳнии талаботи байналхалқӣ дошта.
  2. Аз тарафи дигар, ҳолати мадании моли ватанӣ баланд гашта, бозори моли истеҳсолшуда низ инкишоф ёфта, рақобатпазирии он мустаҳкам
пешина
аз 463
навбатӣ