Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
- Ташкили барномаи одаткунонӣ ва амалигардонии мақсадҳои иноватсионӣ ва гирифтани самара аз ҳисоби истифодабарии захираҳои эндогенӣ ва экзогений.
Дар натиҷаи иҷрои ин барнома маълум мегардад, ки чӣ қадар аз ҳисоби захираҳои мавҷуда ва имконоти ташкилии корхона ва чӣ қадар аз ҳисоби навовариҳо ва эҷодкорию кашфиётҳои ҷорикардашуда самара гирифта шудааст. Маҳз ин фарқият сармояи иноватсиониро ташкил намуда, боз ба фонди система ворид карда мешавад ва соли оянда корхона аллакай аз рӯи системаи навини одаткардан иноватсионӣ фаъолият ва зинаи нави инкишофро аз худ карда, фоидаи баланд мегирад. Системаи сармояи иноватсионӣ бошад, боз пеш рафта, бо истеҳсоли моли навини зеҳнӣ қоидаи кори хешро давом медиҳад. Гарчанде вазифаҳои менеҷмент мазмунан ду тақсим шаванд ҳам, мазмунан ин ду пайраҳаи як шоҳроҳи калони инкишоф буда, корхонаро ба пеш ҳаракат мекунонад.
Ин системаро метавон низоми афзоишёбандаи омӯзишӣ ва одаткунонии менеҷмент номид, ки ба талаботи имрӯзаи суръати баланди инкишофи электронии ахбори ҷавобгӯй мебошад. Дар ин ҷо суръати ҳаракати ахбор, махсусан ахбори навин чунон баланд аст, ки аксари ихтироот ва навигариҳо дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ истеъмолкунандагони худро пайдо менамоянд. Бинобар ин, дигар имкону вақти дар мақомоти болоӣ давр задан ва монеаҳои бюрократиро гузаштани онҳо зарурат надорад, чунки пас аз лаҳзаи навоварӣ аллакай кӯҳна мешавад. Дуввум ин ки, дар шароити рақобати пурзӯри бозори имрӯза, вақте ҳама корхонаҳо аз он бохабар мегарданду пештар аз Шумо истифода менамоянд, дигар амалигардонии ин навоварӣ фоидае надорад.
Бартариятҳои дар боло овардашуда, гувоҳи онанд, ки мо бояд ҳарчи зудтар дар менеҷменти корхонаҳои Тоҷикистон системаи сармоявии иноватсиониро ҷорӣ намуда, бо истифодаи самараноки иқтидори ақлонии кормандон барои такрористеҳсол ва инкишофи ин сармояи бепоёни башарӣ, мавқеи менеҷментро мустаҳкам намоем. Дар чунин ҳолат фаъолияти менеҷмент бо касб кардани хислати эволютсионии инкишоф ба шароити иқтисоди бозоргонӣ мутобиқ гашта, талаботи истеъмолкунандаро таъмин карда метавонад. Дар натиҷа, талабот ба роҳбари хештаншинос афзуда, худи менеҷмент ва тамоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё