Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
расида бошад ва дар ин кори басо мушкилу мураккабу масъулиятнок хатое содир накарда, аз роҳи асосии мақсад берун набарояд.
Дар ҳақиқат, ин ҷараёни эволютсионии менеҷменти муосир буда, вақту ҳунару талаботи зиёди дохила ва берунаи корхонаро талаб менамояд. Аз ин ҷо, одаткунонии кормандони дохила ва роҳбарони болоӣ ба системаи мустақилии менеҷмент ва қабули қарори дурусти иқтисодӣ аз тарафи худи роҳбарон системаи муносибатҳоеро пайдо менамояд, ки на фақат характери иқтисодӣ, балки характери сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданию ҷамъиятӣ, бюрократии идоравӣ ва манфиати ҳокимиятдорию фардӣ дошта, диққати зинаҳои гуногуни роҳбариро метавонад ҷалб намояд.
Новобаста ба мураккабӣ ин система характери дурандешона дошта, дар шароити имрӯзаи инкишофи менеҷмент хеле ва хеле зарур мебошад. Бинобар ин, мо ин системаро ҳамчун қисми таркибии системаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат баҳо дода, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онро бо ду роҳ пурра амалӣ гардонем.
-
Исботи назариявии ин системаи роҳбарии менеҷмент ҳамчун омили асосии худинкишофёбӣ, боло бардоштани қобилияти ақлонии кормандон ва истифодаи амалии ин захираи баландарзиши инсонӣ барои тамоми ҷомеа.
-
Системаи назариявӣ — амалии инкишофи маданияти истеҳсолӣ ва илму техника дар мамлакат бо роҳи нишонагирии инкишофи башарӣ ҳамчун қисми фаъол ва захираи зиндаи инкишофи иқтисодии мамлакат.
Аз ин хотир, вазифаи роҳбарии чунин системаи мураккаби сармоявии инноватсионии «менеҷмент - роҳбар - корманд», таъмини самаранокии фаъолияти ин система ва роҳ надодан ба ҳар гуна бюрократияи роҳбарӣ ва истифодаи ғаразнок аз мансаб ва шахсиятпарастӣ мебошад. Мо боварӣ дорем, ки роҳбари хештаншинос аз ин рафторҳои номатлуб аллакай дур аст.
Барои дуруст иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда менеҷментро зарур аст, ки ду барномаи эволютсионии худро тартиб диҳад.
- Барномаи ташкили кору фаъолият аз рӯи захираҳо ва имконоти мавҷудаи корхона ва таъмини самаранокии кор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё