Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ин ибтидои ҷараёни ризояти коллективӣ дар менеҷмент буда, одамон ахбори авваларо доранд ва оиди моли нав кор карда истодаанд, яъне бо қабули ин ахбор ҷараёни мутобиқшавӣ оғоз меёбад. Муқобилият нишон надодан аллакай, як нишонаи ризоят буда, онҳо моли навро интизор мешаванд. Гурӯҳи дигари менеҷмент то ворид гаштани мол, бояд онро мувофиқи имкон тавсиф намуда, манфиатҳои онро пешакӣ ба кормандон фаҳмонда диҳад. Бештар ҳамон тарафҳоро ташвиқот кард, ки ба ҷомеа — коллективи менеҷмент манфиат доранд. Гурӯҳи ташвиқотчиён бояд санъати баланди сухангӯй ва боваркунонӣ, ки мо дар қисми 3-юми менеҷмент гуфта гузаштаем, дошта бошанд. Истифодаи донишу ҳунар аз ҷониби роҳбар дар вақти одаткунонии кормандон ба панҷ омил вобаста мебошад:
-
Доштани маълумоти пурра оиди арзишҳо ва натиҷагирии иқтисодии иноватсионӣ, чунки дониш дар ин нуқта маълум гашта, одамон бо қабули он талаботҳоро иҷро мекунанд.
-
Барои қаноатманд намудани кормандон зарур аст, ки аз ҷумлаи олимон ва шахсони мӯътабари ин соҳа хондани лексия, маҳфилҳои илмӣ ташкил карда шавад ва кормандон бевосита аз ин шахсон шунаванд, ки онҳо чӣ мегӯянд. Аслан, ахборро одамон ҳамон вақт қабул мекунанд, ки аз якчанд сарчашмаҳо шунаванд.
-
Ахбори навин бояд ҳамон вақт дастрас гардад, ки зарур аст. Ахбори иноватсионӣ, албатта, бояд пешакӣ дода шавад, ки одамон амалӣ гаштани навовариро интизор шаванд.
-
Маълумотҳои ахборӣ бояд воқеӣ бошанд. Агар барои худнамоӣ ваъдаҳои зиёде карда, аз ӯҳдааш набароед, он гоҳ эътибори менеҷмент дар назари кормандон паст гардида, онҳо дигар ба шумо бовар намекунанд.
-
Пайвастагии оғози ахбори навин то амалӣ гардонидани он нигоҳ дошта шавад ва набояд ахбори дурӯғ ва ё иғвогарона онро халалдор созад. Бо ин мақсад бояд одаткунониро нисбати рақибони хеш зудтар ва пурқувваттар ташкил кард, то қуввати онҳо барои ворид кардани ахбори нодуруст ва вайронкунанда нокифоя бошад.
Баъди гузаштани давраи одаткунонӣ менеҷмент бояд ҳатман ба он
санъате, ки мардумро тайёр карда буд, роҳ пеш гирифта, исботи гуфтаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё