Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пешинро амалӣ гардонад. Дар сурати ба миён омадани ҳолати дигари самаранок бояд онро амалӣ гардонида, баъдан кори одаткунониро идома дод ва натиҷагирӣ кард, ки барои кадом камбудиҳо аз раванди пешина даст кашида, роҳи навро пеш гирифтанд. Барои бартараф намудани монеаҳо механизми ҳавасмандкунии роҳбариро низ истифода кардан мумкин аст.

Масоили муҳими роҳбарии иноватсионӣ тезонидани суръати амалигардонӣ, одаткунонӣ ва қатъ намудани системаи иноватсионӣ мебошад. Самаранокии амалӣсозии ин раванд аз мазмун ва мураккабии барномаи иноватсионӣ ва имконоти ақлонию моддии корхона вобаста буда, ҳаракатҳои ҷориро роҳбарӣ менамояд, яъне давраи дуюми роҳбарии иноватсионӣ, иҷрои кору фаъолият дар шакли нав мебошад. Албатта, барои амалӣ сохтани барномаи мазкур бояд як муҳити хуби рӯҳии хоҳишмандии кормандон ҳукмфармо бошад. Хислати барномаи нав ва кору фаъолияти кормандон он аст, ки дар сурати пайдо гаштани каме норизоӣ, он таъсири хеле баланд расонида, шояд навоварӣ амалӣ нагардад ва ё муддати дароз натиҷаи дилхоҳ надиҳад. Умуман, муноқиша садди роҳи эволютсионии навоварӣ гардида, мутобиқшавии табиии кормандонро заиф месозад. Агар бо мухолифини пурқувватро рӯ ба рӯ гаштед, беҳтараш каме мавқеи интизориро қабул карда, ҳолатро аз сари нав пурра омӯзед ва корро оҳиста-оҳиста номаълум пеш баред. Дар вақти зарурӣ ба ҳолати аввала баргашта, дурустии фаъолияти худро исбот намоед ва суръати дилхоҳро интихоб карда, самаранокии навовариро сарбаландона роҳбарӣ менамоед.

Нуқтаи муҳимро таъкид карданӣ ҳастем, ки вақте Шумо ҷараёни инноватсиониро ҷорӣ кардан мехоҳед, дар тамоми зинаҳои роҳбарӣ ҳатман рақибони худро, ки асосан танбалону нотавонбинон ва ҳасадхӯронанд, пайдо мекунед. Новобаста ба зина ва ҳатто соҳаи роҳбарӣ ба муваффақиятҳои Шумо ҳатман мухолиф мебароянд. Банда низ вақте ки ду қисми китоби менеҷментро аввалин маротиба дар Тоҷикистон бо забони модарӣ, барои донишҷӯёни макотиби олӣ ба сифати муаллифи ягона, дар ҳаҷми 1022 саҳифа таълиф намуда, аз чоп баровардам, чунон «дӯстон» пайдо кардам, ки дар ҳаққи ин китобҳо ва банда чӣ гуна тӯҳматҳои ғаразнок нагуфтанд. Аммо баъди таълиф ва нашри қисми сеюм ва чорум дар баробари воқиф гаштан аз он рақибонам аз раъйи худ баргашта, ҳатто китобҳои маро пинҳонӣ мутолиа мекарданд.

пешина
аз 463
навбатӣ