Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
фардин роҳбарон, кормандон, одаткунонӣ, ташкили истифодаи сармояи роҳбарӣ ва ба даст овардани ҳокимият мебошад. Бинобар ин, система дар ду шакл, яке дар шакли марказонидашуда ва дигаре дар шакли либералӣ амал менамояд.
Мазмуну мундариҷаи шакли марказонидашуда ва камбудиҳои онро мо дар мавзӯъҳои гузашта шарҳ додем. Дар ин нуқта оиди хусусияти хоси сармоя ва ташкили мустақили худинкишофёбии зеҳнӣ, ки хеле бартариятнок буда, инкишофи корпоративиро таъмин месозад, гуфта мегузарем.
Максади асосии ташкили системаи эволютсионии либералии иноватсионӣ ва сармоя инкишофи зеҳнӣ ва ҳавасмандии ҳар як фард қарор дошта, бо ин роҳ, худинкишофёбии менеҷмент таъмин карда мешавад. Ин системаи комплексии эволютсионии инкишофи роҳбарӣ ва таъминкунандаи сармояи зеҳнӣ дар корхона мебошад, аммо дар системаи марказонидашудаи идораӣ ҳавасмандии иҷрои кору фаъолиятҳо асосан дар назар буда, таъмини сармояи зеҳнӣ норавшан аст.
Аз ин хотир, имрӯз вақти он расидааст, ки барои самаранок гардондани кору фаъолияти менеҷменти муосири тоҷик бо истифода аз системаи либералии сармоявӣ ташаккули мадании роҳбариро таъмин намоем.
55.4. Механизми амалигардонии системаи либералии
эволютсионӣ дар менеҷмент
Асоси механизми амалигардонии системаи эволютсиониро маҷмӯи муносибатҳои алоқамандии ҷамъият ба ҳокимият ва ҳокимият ба иқтисод ташкил мекунад. Дар мавзӯи гузашта оиди роҳбарии системаи эволютсионии сармояи зеҳнӣ, роҳҳои ба даст овардани ҳокимияти воқеӣ ва ҳавасмандии инкишофи роҳбарӣ дар менеҷмент сухан гуфта, вазифа ва натиҷагирӣ аз ин механизмро пурра шарҳ додем. Акнун омилҳо, шаклу усулҳо ва мушкилиҳою натиҷагирии амалигардонии системаи либералиро дида мебароем.
Қобили зикр аст, ки ҳокимияти сиёсӣ вазифаи ба даст овардани сармояи ташкилотро бо роҳи системаи ҳокимиятдории иқтисодӣ ҳаллу фасл месозад.
Тақсимоти сармояро ҳокимияти марказӣ вобаста аз манфиатнокии сиёсии худ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё