Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гоҳҳо ва ё корхона ба вуқӯъ мепайвандад. Дар натиҷа, ҳокимияти иқтисодӣ аз дасти ҳокимияти либералӣ ба ҳокимияти марказӣ мегузарад.

Аксар маврид аъзоёни ҷамъияти сустинкишофёфта худ ин ё он сарвари марказиро интихоб карда, талаб менамоянд, ки аксари ҳуқуқу вазифаҳои тақсимоти сармояи корхона ба ӯҳдаи ҳокимияти марказ вогузошта шаванд. Аммо баъдан мушоҳида мешавад, ки намояндагони ин ҳокимияти марказӣ манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои ҷамъиятӣ боло гузошта, аз паси азхудкунии сармояи корхонаҳо мегарданд. Дар натиҷа, арзишҳои мадании инкишоф дар канор монда, кормандон умед ба ояндаи худро гум мекунанд.

Аз тарафи дигар, мақсадҳои асосии ҳокимияти марказӣ ҷамъ овардани фондуҳо шуда, дигар тарафҳои иҷтимоию мадании менеҷмент беназар мемонанд. Аз ин ҷо, дар менеҷмент зарурӣ ва омили амалигардонии системаи либералии эволютсионии сармояи зеҳнӣ ба миён меояд, ки пурра дар асоси қоидаҳои демократӣ ва арзишҳои маънавӣ сурат мегирад.

Механизми амалигардонии эволютсионӣ — ин механизми комплексии роҳбарӣ буда, дар асоси баинобатгирии «Афзоиш» ва «Инкишоф» ба роҳ монда мешавад, яъне ин қоидаи роҳбарии коллективи инкишофёбандаи корхона мебошад, ки афзоишро таъмин менамояд. Таъмини алоқамандӣ ва муттаҳидсозии «коллектив — ҳокимият — иқтисодиёт» дар менеҷмент таъмини инкишоф ба манфиати худи корхона ва роҳи устувори ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ мебошад. Аммо бояд қайд кард, ки ин қоидаро кам ҳолатҳо мақомоти болои ҳокимиятдорӣ мепазиранд. Бинобар ин, зиддияти инкишофи менеҷмент ва ҳокимияти марказ аксар маврид дар назар аст.

Ҳокимияти марказӣ дар навбати худ ҳавасманд мебошад, ки бо роҳи дастгирии ширкатҳои бузург ва корхонаҳои азим дар интихоботҳо ба сари қудрат биоянд. Маҳз, ҳамин нуқтае мебошад, ки менеҷмент метавонад шарту шароитҳои ҳукмрониро бо маслиҳати пешакӣ дастгирӣ кардан ва ё накардани номзадҳои ин ё он ҳизби сиёсӣ ва шахсони алоҳидаро дар интихобот муқаррар созад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои функционалии давлат, дастгирии бевоситаи корпорацияҳо ва ширкатҳо бо мақсади таъмини фаъолияти устувори ҳокимияташон мебошанд. Ин ба он хотир сурат мегирад, ки боз дар оянда ин корхонаҳо онҳоро дастгирӣ карда тавонанд. Чунин механизм иштироки давлатро

пешина
аз 463
навбатӣ