Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ҷамъиятӣ такя ва одаткунонии эволютсионии идоравиро истифода намуда, доимо ҳаракати манфиатнок дошта бошад. Пеш аз ҳама, нигоҳ доштани боварии коллектив ва ҷомеа ба фаъолияти роҳбарии Шумо нақши муҳим мебовад. Мақоми муттаҳидсозиро бозидани гурӯҳи яккачин дар ҳолатҳои гуногуни роҳбарӣ ва нигоҳ доштани системаи эволютсионии ҷамъоварии сармоя функсияи амалигардонии система аз тарафи гурӯҳ ба ҳисоб мераванд. Аксар маврид барои ҳалли масоили умдаи иқтисодию иҷтимоии система, гурӯҳи яккачин ҳизбҳо ташкил менамоянд, ки гурӯҳи одамони касбу ҳунарҳои гуногундоштаро пайваста, ба мақсадҳои стратегии ягона равона месозанд.

Устодони касбӣ, ки ба ҳайати гурӯҳ дохил мешаванд, набояд мақоми сарватгункуниро ба худ гиранд ва ҳокимиятро ба ин мақсад истифода намоянд. Онҳо бояд мақоми танзимгарони иҷтимоиро бозида, сатҳи маънавии менеҷментро дар зинаи баланд нигоҳ доранд ва нагузоранд, ки ноадолатӣ ба вуқӯъ пайвандад.

Устодони мустақили донишманд, ки дар ҳама давру замон, дар ҷомеа ҳамчун асосгузорони адолати иҷтимоӣ ва ганҷинаи ақлонии ҷомеа баромад мекунанд, дар замони имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ ва маънавии менеҷмент бояд ҳамон функсияи худро идома диҳанд. Оид ба мақоми донишмандони бузурги тоҷик дар инкишофи хиради роҳбарӣ дар давраҳои гуногуни инкишофи башарӣ мо дар боби 44 — уми китобамон андешаронӣ кардаем.

Инчунин, мақоми дин ва рӯҳониён низ дар ин ҷо хеле бузург мебошад, ки мо дар мавзӯи гузашта баҳше аз он равандҳоро овардем.

Яке аз институтҳои бо ҳам пайвастани ақидаҳои Устодон ва гурӯҳи яккачинҳо Академияи илмҳо мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амал мекунад. Дар ин гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ ақидаҳо обутоб ёфта, ғояҳои асосии идоракунӣ ва роҳбарӣ коркард ва барои амалӣ гардондан пешниҳод карда мешаванд.

Сарчашмаи дигари системаи амалигардонии эволютсионии сармояи инноватсионӣ дастгирии вакилони маҳаллӣ, калонсолон ва шахсони барӯманди маҳал, менеҷерони бообрӯи корхонаҳо мебошанд.

Ҳамин тариқ, коллективи корхона ва умуман, ҷамъият аз институтҳое, ки дар боло ном гирифтем, умеди нигоҳдорӣ ва инкишофу ташаккули иҷтимоию

пешина
аз 463
навбатӣ